Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд сохтмони сехи безараргардонии оби ошомиданӣ ва ҳавзҳои таҳшини об дар арафаи анҷомёбист.

Дар сурати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур, ки маблағи лоиҳавии он қариб 6 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, маркази ноҳия ва деҳаҳои атрофи шаҳраки Балхро 24 соат бо оби босифати нӯшиданӣ таъмин намоянд.
 
Ҳамчунин дар хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ амалҳои безараргардонии нуқтаҳои паспартов идома дорад.
 
Гузориши видеоиро ин ҷо бубинед: