Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, аз рӯзи 3-юм то 10-уми майи соли ҷорӣ, хавфи боришот ва омадани сел дар ҷумҳурӣ аз он ҷумла дар вилояти Хатлон пешгӯи карда шудааст. Бинобар ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба шаҳрвадони тамоми ҷумҳурӣ, сайёҳон, шаҳрвандоне, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд дар ин рӯзҳо аз рафтан ба баландкӯҳо, дарёҳо, мавзеҳои сайёҳӣ даст кашанд.
Ҳамзамон аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки то ҳадди имкон дар чунин рӯзҳои боронӣ аз сафар аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ ва хатарнок, ҷамъоварии ҳезум ва шикор намудан дар баландкӯҳо, назорат ва пешгирии кӯдакон аз ҷуйбору дарёҳо, тоза намудани селроҳаву ҷуйборҳои кӯчаю маҳаллаҳо то оби ҷоришуда ба заминиҳои наздиҳавлигӣ ва хонаҳо чораҳои пешгири андешанд.
Ҳамчунин ба чорвопарварон таъкид карда мешавад, ки молҳои худро дар ҷойҳои бехавф нигоҳдорӣ намуда, аз роҳҳои хатарноки баландкӯҳо истифода набаранд.