Рӯзи 20 сентябр дар шаҳри Левакант Маркази таълимӣ ва омӯзиши забони англисӣ СВОРДЕ – ТЕППА ба кор оғоз намуд, ки дар маросими расман ба фаъолият пардохтани он раиси шаҳри Левакант Самизода Санавбар, сафири шоҳигарии Британияи Кабир  Ҳю Стенли Филпотт ва таъсисдиҳандагони ин марказ иштирок намуданд.

  Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр хонандагони муассисаҳои таълимӣ пешвоз гирифта, хушнудии худро аз ташкил шудани чунин як марказ изҳор доштанд ва маҳсули ҳунарҳои дастии худро  намоиш доданд.

  Раиси шаҳр зимни суханронии хеш таъсис ёфтани чунин марказҳоро воситаи хуби таъсиррасонӣ ба сатҳи забономӯзии хонандагон номид ва аз тамоми сокинони шаҳр хоҳиш намуд, ки аз чунин шароити хуби таълим истифодаи самаранок намоянд ва фарзандони худро ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ аз ҷумла англисӣ, ки забони ҷаҳонӣ ба шумор меравад ташвиқ намоянд.

  Ҳамаи мо бояд дар хотир дошта бошем, ки донистани забонҳои хориҷӣ, бахусус англисӣ ва русӣ ба мо имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои судмандро бо дигар миллатҳо ба роҳ монда, дар рушду нумуи кишвари азизамон саҳм дошта бошем,-илова намуд Самизода Санавбар.

Самизода Санавбар ва Ҳю Стенли Филпотт аз утоқҳои корӣ, китобхонаи дорои адабиётҳо бо забони англисӣ ва лабараторияи марказ дидан намуда, ба шароити таълиму тадрис баҳои баланд доданд. Ба онҳо иттилоъ доданд, ки як даври омӯзиши забони англисӣ 6-моҳро дар бар гирифта, маблағи моҳона 100 сомониро дар бар мегирад. Машғулиятҳои барои нафароне, ки аз як оила 4 нафар ба қайд гирифта мешаванд 75 фоиз, барои нимятимон 50 фоиз ва барои ятимони кул бошад ройгон сурат мегирад.

  Қайд гардид, ки дар марказ устодони пуртаҷриба аз дохил ва хориҷи кишвар ба шогирдон дарс мегӯянд. Барои ҷолибу шавқовар гузаронидани дарсҳо ва самарабахш сурат гирифтани машғулиятҳо усулҳои гуногуни таълим ба роҳ шудааст. Таъсиси лабаратория ва китобхона, ташкил намудани саҳнаҳои бадеӣ ва ба роҳ мондани бозиҳои шавқовар аз воситаҳоеанд, ки таъсирбахшии машғулиятҳо ва омӯзиши ҳамаҷонибаи забони англисиро таъмин менамояд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here