Дар доираи қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2020”, тобистони соли ҷорӣ беш аз 1200 нафар ҷавонони хатлонӣ аз курсҳои ройгони омӯзишии ронандагӣ, кафшергарӣ, ошпазӣ, асосҳои компутар ва ғайра гузашта, соҳиби гувоҳномаҳо хоҳанд шуд.

Ин нукта зимни ҷаласаи кории назди раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр гардид. Дар ин ҷаласа муовинони раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов ва Фирӯза Шарифӣ, комиссари ҳарбии вилоят, роҳбарони Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят, ташкилоти ҷамъиятии “Мададгори мудофиаи вилоят” иштирок доштанд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қарорҳои батасвибрасидаро “Дар бораи омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2020-и шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати  ҳарбӣ” ва “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2020” муаррифӣ намуда, қайд карданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ, раёсатҳои маориф ва фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радиои вилоят, комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, дигар ташкилоту идора ва сохторҳои мақомотҳои дахлдор хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа тарғибу ташвиқ ва дар васоити ахбори умум инъикос намоянд.

Комиссари ҳарбии вилоят Умед Солеҳзода оид ба даъвати баҳории соли 2020 дар Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон гузориш дода, зикр кард, ки ҳанӯз пеш аз даъват корҳои тарбиявию ҳарбӣ-ватандӯстӣ, инчунин вохӯриҳо бо даъватшавандагон, суҳбатҳо бо ҳайати шахсии комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо оид ба пешгирии ҷиноятҳои характери коррупсионидошта дар шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуданд.

Комиссари ҳарбии вилоят

— Аз тарафи комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои тайёр кардани мутахассисони соҳаи ҳарбӣ дар ташкилотҳои мададгори мудофиаи шаҳру ноҳияҳо курсҳои ронандагӣ ташкил карда шуд, ки онро 863 нафар ҷавонписарон бо ихтисоси ронандагӣ  хатм намуда, ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил гардидаанд, — идома дод У. Солеҳзода. – Комиссариатҳои ҳарбии шаҳри Норак, ноҳияҳои Носири Хусрав, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон ва Дӯстӣ ба мавсими даъвати баҳорӣ тайёрии хуб дида, нақшаи даъватро пеш аз муҳлат иҷро намуданд.

Тавре ки дар ҷаласа зикр гардид, аз ҷумлаи ҷавонони хатлоние, ки ба сафи артиши миллӣ пайвастанд, 274 нафарашон дорои маълумоти олӣ ва 21 нафар бо маълумоти миёнаи махсус буданд. 30,7%-и ҷавононе, ки ба қисмҳои низомӣ барои адои хизмат фиристода шуданд, мутахассисони соҳибкасб, аз ҷумла ронандаҳои нақлиёт, устои компютер, кафшергар, ошпаз, барқчӣ, сартарош ва ғайра мебошанд.

Дар даъвати баҳорӣ фарзандони 242 мансабдори давлатӣ аз вилоят ба аскарӣ ҷалб гардиданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода таъкид намуданд, ки чорабиниҳои ҳарбию ватандӯстӣ ва мудофиавӣ ҷоннок ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби даъватшавандаҳо бо мутахассисони касбӣ таъмин карда шаванд.

Раисони шаҳру ноҳияҳо ва комиссариатҳои ҳарбӣ дастур гирифтанд, ки илова ба нақшаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва пурра намудани даъватшавандагонро дар курсҳои кутоҳмуддати ронандагӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохторҳои Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон ба роҳ монда, маблағгузории онро аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ таъмин намоянд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода инчунин ба Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, Комиссариати ҳарбии вилоят, Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мадагори мудофиаи Хатлон ва Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят дастур доданд, ки дар якҷоягӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор доир ба гирифтани ихтисос аз тарафи  даъватшавандаҳо ва беҳтар намудани сифати интихоби  даъватшавандаҳо ба таълимгоҳҳои зикршуда корҳои ташвиқотиро вусъат диҳанд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон