Бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ҷиҳати рушд бахшидан ба туризми дохилӣ як гуруҳ волонтёрони Клуби назди Раёсат ва ҷавонони фаъоли донишгоҳу донишкадаҳои минтақаи Бохтар ба сайёҳати якрӯза ба шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ сафарбар шуданд. Сараввал ҳамагон дар ноҳияи Восеъ аз Қалъаи таърихии Ҳулбук дидан намуда, сипас ба таърихи нигораву мусаввараҳои осорхонаи ба номи «Ҳулбук» рӯ оварданд. Дар ин сафар сайёҳаткунандагон аз Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии «Осохонаҳои Кӯлоб ва муҷтамаи 2700 – солагии Кӯлоб» боздид намуданд. Дар осорхонаи мазкур наздик ба 5 ҳазор нигораю бозёфт маҳфуз аст. Ҳамчунин ҷавонон зиёрати Алмомаи Машриқзамин Мир Саид Алии Ҳамадониро ба ҷо оварда, оид ба ҳаёту фаъолияти ин нобиғаи таърих огоҳӣ пайдо карданд. Ҳадаф аз ташкили ин сайёҳат огоҳ намудани насли ҷавон аз таърихи пурғановати аҷдодони миллати тоҷик мебошад, Дарҷ гардид дар конфрониси илмӣ амалӣ, ки таҳти унвони «Ҷавонон ҳимоятгари мероси ниёгон» дар Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.