Рӯзи 16-октябри соли ҷори дар асоси накша чорабиниҳои осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» дар якҷоягӣ бо осорхонаи кишваршиносии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки зиёда аз 34 нафар ҷавонону хонандагони ноҳия дар маҷлисгоҳи осорхонаи вилоятӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» чорабинии илмӣ дар мавзӯи «Ҷавонон- ҳимоятгари мероси ниёгон» баргузор гардид. Дар рафти баргузории чорабинӣ баромадкунандагон иброз доштанд, ки осорхона ҳамчун муассисаи фарҳангӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, рушди сайёҳии дохилӣ ва пос доштани арзишҳои тамаддуни башарӣ саҳми бештар гузошта, наврасону ҷавононро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, омӯзиши таърихи куҳани халқи тоҷик ҳидоят менамояд. Баъд аз чорабинӣ ҷавонон аз толорҳои намоишгоҳи осорхона дидан намуда оид ба таърих ва пайдоиши мусаввараҳо маълумоти аниқу дақиқ пайдо карданд.