Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб, дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ бо ҷалби шумораи зиёди аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо ва чорабиниҳои иттилоотӣ дар доираи лоиҳаи «Ҷавонон бар зидди ВНМО» доир намуд. Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур огоҳ намудани омма аз хатари ин бемории хавфнок буда, роҳҳои пешгирӣ ва гузариши он ба ҳамагон фаҳмонида шуд. Дар охир ба аксияи саволу ҷавоб гузаронида шуда, ба фаъолони ин викторина туҳфаҳо аз тарафи Раёсат тақдим гардид.