Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо мақсади пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар ноҳияи Ёвон бо ҷалби донишҷӯёни коллеҷ фармасевтии  ноҳия суҳбату вохӯрӣ сари ин масъала доир намуданд. Дар чорабинии мазкур намояда аз Раёсат ва масъулин аз бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ёвон иштирок доштанд. Зимни суханронӣ қайд намуданд, ки ҷавонон пояи боэътимоди давлату ҳукумат буда, оянда маҳз ба онҳо вобаста аст. Аз ин боис бояд падидаҳои номатлуб аз тарафи ҷавонон кам ба назар бирасад. Даъвати ҷавонон ба ватандӯстию хештаншиносӣ, тарғиби суннатҳои неки ниёгон, пос доштани осори гаронарзиши гузаштагон вазифаи ҷонии ҳар як инсони комил аст.  

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here