Аслиддин Ҳабибуллоев, мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ капитан ва дарвозабони тими миллии кишвар, мутахассиси маъруфи футболи тоҷик, сармураббии дастаи лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон – «Хатлон»-и шаҳри Бохтар таъин шуд.

Ин иттилоъро хадамоти матбуотии Федератсияи футболи вилояти Хатлон тасдиқ намуд. Аслиддин Ҳабибуллоев корномаи сармураббигиро аз соли 2009 оғоз намуда, ҳамон сол бо дастаи “Вахш”-и шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира “Хатлон”-и шаҳри Бохтар) Чемпиони Тоҷикистон гардид. Ҳамон сол дастаи мазкур ба мусобиқаи Ҷоми Президенти Конфедератсияи Футболи Осиё роҳхат гирифта, то марҳилаи нимниҳоии мусобиқа рақобат намуд. Ӯ аввалин бор ба ҳайси сармураббӣ дар дастаи “Вахш”-и шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозири “Хатлон”-и шаҳри Бохтар) фаъолият намудааст.

Инчунин, Аслиддин Ҳабибуллоев қаблан дар дастаҳои “Хатлон”-и Бохтар (2011-2013), “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе (2014-2016), ва “Хатлон” (2017-2019) ба ҳайси мураббии калон кор кардааст. Аз соли 2012 то 2016 дар ҳайати тими мунтахаби миллии ҷавонон ва наврасони Тоҷикистон ба ҳайси мураббии дарвозабонон ифои вазифа намудааст.

Мавриди зикр аст, ки Аслиддин Ҳабибуллоев дар давоми фаъолияти касбияш ба гирифтани ҷоизаҳои зиёде мушарраф гардидааст. Аз ҷумла, барандаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ бо дастаи “Вахш” дар соли 2009, соҳиби медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон бо дастаи “Вахш” дар соли 2010 мебошад. Ҳамчунин, дар соли 2009 мураббии беҳтарини сол дониста шудааст.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here