Дар шаҳри Кӯлоб 90 солагии Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ Ашӯр Сафар ба таври хоса истиқбол гирифта шуд.Меҳмонон ва аҳли адаб бо сарварии раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим аз осорхонаи шахсии шоир дидан намуда, сипас дар пояи муҷассамаи шоир дар кӯчаи ба номи Ашӯр Сафар гулчамбар гузоштанд.Иштирокчиёни ҷашнвора баъди гулгузорӣ ба Қасри фарҳанги шаҳр ташриф оварда, дар он ҷо бо иштироки ҳунармандони муассисаҳои фарҳангии шаҳр базми ёдбуди шоирро баргузор намуданд.Шоирон Муҳаммад Ғоиб, Меҳмон Бахтӣ, Ҳақназар Ғоиб дар андешарониҳои хеш аз паҳлӯҳои зиндагии ибратомӯз ва осори баландмазмуни Ашӯр Сафар ёдовар шуда, ҳунармандон Файзалӣ Ҳасан ва Ҷамшед Исмоилов аз эҷодиёти ӯ намунаҳо сароиданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here