Имрӯз, 6 октябр, дар хоҷагии деҳқонии ҶДММ Иттиҳодияи аграрии «Водии заррин», воқеъ дар деҳаи Пахтақайнари Ҷамоати деҳоти “Сарвати Истиқлол”-и ноҳияи Кӯшониён, ҳашари навбатии ҷамъоварии ҳосили пахта бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, ҷамъан беш аз ҳазор нафар, барпо шуд.

Ба ҳашарчиён инчунин раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода, ки вобаста ба татбиқи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ намояндаи Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Кӯшониён мебошад, пайваст.

Ин кори дастаҷамъӣ дар доираи маъракаи “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор”, ки бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода эълон шудааст, сурат пазируфт. “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” то Рӯзи Президент, яъне 16 ноябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард.

IMG_20191006_113527.jpg

Ба иттилои масъулони хоҷагӣ, ин ҷо дар майдони 120 гектар пахта кишт шудааст. Нашъунамои пахта хуб арзёбӣ шуда, ба пахтачинон барои ҳар як кило “тиллои сафед”-и ҷамънамудаашон то 70 дирам пардохт карда мешавад. Кишоварзони хоҷагӣ азм доранд, ки дурнамои ҷамъоварии пахтаи имсоларо саривақту барзиёд иҷро намуда, ҳосилро беталаф ба даст оранд.

Тибқи маълумоти фаврии Сарраёсати омори вилояти Хатлон, то 6 октябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Кӯшониён 16326 тонна пахта чида шудааст, ки ба 65,31%-и дурнамои солона рост меояд. Назар ба ҳамин давраи соли 2018 дар ноҳия ба андозаи 5731 тонна ҳосили бештар ба даст омадааст.

Имсол дар Кӯшониён, ки калонтарин ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон маҳсуб мегардад, дар майдони 11 ҳазор гектар пахта кишт шуда, заркорон 25 ҳазор тонна ҳосил рӯёниданианд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here