Дар доираи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар толори театри вилоятии мусиқӣ мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар намоиши асарҳои эҷодии рассомони донишҷӯёни муассисаи давлатии коллеҷи Ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов ба намоиш гузошта шуд.
Аз ин намоишгоҳ, ки ҳамаги асарҳои эҷодии рассомон ва донишҷӯёни колеҷи болозикро дарбар мегирифт намояндагони касбу кори гуногун, аҳли фарҳангу ҳунари шаҳри Бохтар дидан намуда ба дастандаркорони он хело баҳои баланд доданд. Зимни тамошои ин намоишгоҳи фарҳангии намояндагони муассисаи давлатии колеҷи Ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов изҳор доштанд, ки ҳадафи аслии ба намоиш гузоштани асарҳои эҷодии рассомону донишҷӯён ин пеш аз ҳама муарифии маҳсули дасти онҳо ва ба ин васила ривоҷу равнақ бахшидани анъанаву сунатҳои гузаштаи миллати тоҷдори тоҷик мебошад.