Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипарӣ раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода,  дар доираи рӯзҳои қабули сайёри шаҳрвандон, ба ноҳияи баландкӯҳи  Шамсиддин Шоҳин омада, дар толори мактаби тозасохти рақами 1 гурӯҳи шаҳрвандони арзу дархостдоштаи  онро ба ҳузӯр пазируфт.

 Сокини деҳаи Кӯҳдомани ҷамоати деҳоти Шӯробод Тағаймурод Олимов ба хотир рушди корхонаи истеҳсолиаш, ки барои омода кардани маҳсулоти зира нигаронида шудааст, дархости аз бонкҳо гирифтани қарзи имтиёзнокро намуданд. Сокини деҳаи Чагами ҷамоати деҳоти Чагам Абдусаттор Боронов, ба сифати  раиси Ассотсиатсияи   волидону омӯзгорони мактаби деҳа, аз раиси вилоят хостори бунёди бинои нави мактабро карданд. Сокини ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов  Қурбон Шарифов хоҳиш карданд, ки раиси вилоят дар кушодани бозори наздисарҳадии деҳаи Шоҳон мусоидат намоянд. Муродалӣ Одиназода, аз деҳаи Хавзаи ҷамоати деҳоти Лангардара, аз набудани хати барқ дар деҳа арз намуданд. Сокини маркази ноҳия С. Худойбахшов аз набудани бозор дар маркази ноҳия изҳори ташвиш намуда, аз раиси вилоят хоҳиши ҳалли  мушкилоти мазкрро намуданд. Корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Файзалӣ Ҷамолиддинов хоҳиш намуд, ки барои анҷоми сохтмони бинои хизматчиёни давлатӣ маблағи зарурӣ  ҷудо карда шавад.

  Дар рафти кори қабул арзкунандагон  аз дархосту пешниҳодҳои хеш  ҷавобҳои қаноатбахш гирифта, барои  дастгирию мусоидат,  ба раиси вилоят изҳори сипос намуданд.

  Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар поёни кори қабул, ба вазъи имрӯзаи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия ишора карда, аз иштирокдорону фаъолон хоҳиш намуд, ки онҳо ҷашни дар пеш истодаи 30 солагии Истиқлолияти давлатии кишварамонро бо дастовезҳои шоёни меҳнатӣ, истиқбол намоянд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here