Конфронси байналмилалӣ дар Истанбул: «Хатари ташкилоти террористии ҳизби наҳзат аз «ДОИШ» ва «Ал-қойида» кам нест»

15-уми октбяр дар Донишгоҳи Истанбули Туркия Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Зарурати муборизаи муштарак бар зидди ташкилотҳои террористӣ» баргузор гардид. Дар Конфронси мазкур раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, муовини аввали муфтии шаҳри Истанбул Вейсел Ишилдар, муфтии ноҳияи Фатиҳи шаҳри Истанбул Веҳап Капиҷиоғлу, ректори Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак ва раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов иштирок ва суханронӣ намуданд.

ЧЕМПИОНАТИ ХАТЛОН ОИД БА ШОҲМОТ

  Рӯзи 5-оятбри соли ҷори дар шаҳри Бохтар чемпионатҳои вилояти Хатлон оид ба шоҳмот (дар миёни шаҳрвандони аз 50-сола боло) ва тенниси рӯйи миз ба муносибати «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардиданд.

БУНЁДИ ДАРМОНГОҲИ НАВ ДАР ШАҲРИТУС

  Ба хотири идома бахшидан ба анъанаи шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар деҳаи Корези ноҳияи Шаҳритус дармонгоҳи нав сохта шуд.

«ПОДОШИ АМАЛ» ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИ

  Муассисаи давлатии Театри вилоятии лӯхтаки «Афсона»-и шаҳри Бохтар бори аввал бо намоишномаи тарбиявии «Подоши амал» дар қатори дигар театрҳои лӯхтаки ҷумҳурӣ Тоҷикистонро дар Фестивали VI байналмилалии театрҳои касбии лӯхтак «Чодари хаёл», ки моҳи яктябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, муаррифӣ менамояд.

АФЗОИШИ ИСТЕҲСОЛИ МЕВАИ ХУШК

  Корхонаи истеҳсоли меваи хушк дар мавзеи «Чашмаи Нуқра»-и ноҳияи Данғара ки бо технологияи нави замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад, давоми як мавсим зиёда аз 500  тонна маҳсулот тайёр мекунад.

«РАДИОИ КӮЛОБ»  РӮИ  МАВҶ  БАРОМАД

  Рӯзи 14-уми октябр дар шаҳри Кӯлоб, зери унвони «Радиои Кӯлоб», радиои минтақавӣ ба фаъолияти хеш оғоз намуд. Зимни рӯи мавҷ баромадани «Радиои Кӯлоб» Абдуҷаббор Раҳмонов ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Хайрулло Амонулло раиси шаҳри Кӯлоб иштирок намуда, ба аҳли эҷоди ин муассисаи нав барору комёбиҳо орзӯ намуданд.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.