Хатлон. Намоиши ҳунарҳои дастии вилояти Бадахшон

  13 майи соли ҷорӣ дар боғи водии Вахши вилояти Хатлон  воқеъ дар шаҳри Бохтар намоиши дастранҷи мардуми заҳматкаши вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон баргузор гардид. Аз рафти  намоиши маҳсули дастранҷи заҳматкашон раисони вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Шодихон Ҷамшед ва меҳмонони олиқадр дидан намуда, ба ҳунари онҳо баҳои баланд доданд.

Ташрифи раиси вилояти Бадахшон ба вилояти Хатлон

 Имрӯз бо ташабуси раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, меҳмонони гиромиқадри вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки бо иштироки раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ба вилояти Хатлон ташриф оварданд, дар даромадгоҳи ноҳияи Кӯшониён бо нону намак ва суруду тарона бо  шукуҳу шаҳомат пешвоз гирифтанд.

МЕҲМОНДОРӢ ДАР КИТОБХОНАИ МАРКАЗИИ ШАҲРИ БОХТАР БА НОМИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

 Рӯзи 12.05.2018 як гуруҳи меҳмононро аз вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар китобхонаи марказии шаҳри Бохтар ба номи Камоли Хуҷандӣ бо рақсу суруд, навозиши асбобҳои мусиқӣ ва шеъру сухан истиқбол гирифтанд.

АТЛАСУ АДРАСБОФИИ БОНУВОНИ БОХТАРӢ БАДАХШОНИҲОРО ТАСХИР КАРД

  Мувофиқи нақша гуруҳе аз меҳмонони Бадахшонӣ аз литсейи касбӣ-техникии шаҳри Бохтар ва ҳунаромӯзии шогирдони ин даргоҳ дидан карданд. Махсусан атласу атрасбофии гулдухтарони шаҳри Бохтар, ки дар литсейи мазкур ба тозагӣ ташкил карда шудааст, меҳмононро тасхир кард. Дар ҳақиқат лаҳзае чанд ҳамагон тавонситанд, ки аз ҳунару маҳорати баланди духтарони шаҳр дидан кунанд.

ТАШРИФИ МЕҲМОНОН АЗ БАДАХШОН ДАР ҚУБОДИЁН

 Дирӯз гурӯҳи кории беш аз 150 нафараи навоҳии Рӯшон ва Роштқалъа бо мақсади намоиши ҳунар ва фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вориди ноҳияи Қубодиён гардиданд.

ШИНОСОЙИ БАДАХШОНИҲО БО ФАЪОЛИЯТИ КДФ ОБТАЪМИНКУНӢ ВА КАНАЛИЗАТСИЯИ ШАҲРИ БОХТАР

 Меҳмонон аз вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар қисмати дуюми рӯз аз КДФ обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳр дидан намуданд.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.