“ТК ОЙЛ” МОҲИ СЕНТЯБР БА КОР МЕДАРОЯД

 Моҳи сентябри соли ҷорӣ маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи коркарди нафти “ТК ОЙЛ” дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”, ки калонтарин иншооти кимиёии Тоҷикистон хоҳад буд, ба нақша гирифта шудааст.

Оғози даҳаи “Синамаконӣ – асоси ҳаёт”

 1 август дар вилояти Хатлон маъракаи Даҳаи кумак ва дастгирии шири модар оғоз гардид. Бахшида ба ин маърака дар тамоми муассисаҳои тандурустии вилоят вохӯриҳо ва чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ доир мешаванд.

Гурӯҳои корӣ аз ҳисоби фаъолзанони ноҳияи Ҳамадонӣ

 Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо гурӯҳои корӣ аз ҳисоби фаъолзанони ноҳия дар маҳалаҳои 1 ва 2-и кӯчаҳои Закариёи Розӣ, Ҳофизи Шерозӣ вохӯрию суҳбатҳо гузаронида, аз рӯи «Усули хона ба хона» беш аз 120 хонаҳоро дидан намуданд. Дар баробари дигар масъалаҳои миёни занон аз ободонӣ, тозагӣ тарзи истифодаи замини наздиҳавлигӣ гуфтугузор намуданд.

Нишасти матбуотии раиси шаҳри Левакант

 Рӯзи 1 август дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нишасти матбуотии раиси шаҳри Левакант Самизода Санавбар доир гардид, ки дар он намояндагони васоити ахбори оммаи дохилию хориҷӣ иштирок доштанд.

Озмуни стипендияи Президенти дар шаҳри Кӯлоб

 Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб санаи 1- августи соли ҷорӣ озмуни стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро байни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумии ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Кӯлоб дар сатҳи баланд баргузор намуд.

НИШАСТИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР БО ЗИЁДА АЗ 30 НАФАР НАМОЯНДАГОНИ ВАО

 Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729 тибқи нақшаи тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон нишасти хабарии раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал дар нимсолаи якуми соли 2018 бо намояндагони васоити ахбри омма доир гардид.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.