Левакант. Маҳфили “Оилаи ибратомӯз”

  Тибқи низомнома ва ҷадвали тартибдодаи бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант маҳфили навбатии «Оилаи ибратомӯз» дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи Эшонободи ҷамоати деҳоти «Гулистон» бо иштироки як қатор оилаҳои обрӯманди деҳа ва муҳассилини синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.

Кӯлоб. Ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ

  Дар Мачмааи варзишии шаҳри Кӯлоб ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ, ки бо ташаббуси якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуда буданд, ҷамъбаст карда шуд.

Натиҷаи ҳамкориҳои судманд

 Беморхонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён дар ҳамкори бо Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон маводҳои доруворие, ки муҳлати истифодашон гузашта буд, тариқи сӯзонидан  несту нобуд карданд.

Шанбегӣ идома дорад.

 Бо ташаббус ва иштироки занон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шанбегӣ таҳти унвони «Саҳми занон дар тозагӣ ва ободии диёрамон Тоҷикистон» гузаронида шуда истодааст.

ЭЪЛОН

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 18 марти соли 2016, №64 «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020» бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон озмуни  грантҳои раиси вилояти Хатлонро эълон менамояд.

Дар марзи давлатӣ интиқоли аслиҳа ва маводи мухаддир пешгирӣ гарди

  2 адад яроқи оташфишони АКМС, 10 адад тирдон, 270 дона тири қутраш 7,62 мм, инчунин 3 кг 500 гр маводи нашъадори афюн, 32 кг ҳашиш ва 10 кг героин аз қочоқбарони афғон дарёфт ва мусодира гардид.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.