МУВАФФАҚИЯТИ ШАҲРИ КӮЛОБ ДАР ОЗМУНИ «КАДБОНУИ БЕҲТАРИН»

Санаи 13 аперли соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Дар озмун бонувоне ширкат варзиданд, ки маҳорати баланди пазандагӣ, омода намудани таомҳои қадимаи миллӣ, хӯрокҳои замонавии миллӣ, хӯришҳо, шириниҳо, нонпазӣ ва дастархонороиро дар худ касб кардаанд.

МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРЯВӢ ОИД БА МОТОТСИКЛРОНӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Дар шаҳри Левакант мусобиқаи ҷумҳурявӣ оид ба мототсиклронӣ дар пойгоҳи мототсиклронии шаҳри Левакант дар миёни варзишгарони дастаҳои беҳтарини ташкилотҳои Ҷамъияти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ДАСТРАНҶИ ДЕҲҚОНОНИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

16 апрели соли 2019, баъди нисфирӯзӣ, раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон аз рафти парвариш ва ҳосилғундории сабзавоти барвақии зери плионкагӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии “Бобои Бекназар” ва “Бобои Эргаш”  ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол ва хоҷагиҳои деҳқонии “Ватан” ва “Раҳмонбердӣ”-и ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён дидан намуда, бо рафти корҳои деҳқонон шинос шуд.

ДАР МУЪМИНОБОД ДАР СЕ СОЛИ ОЯНДА 221 ИНШООТ СОХТА МЕШАВАД

Бо мақсади дар сатҳи олӣ пешвоз гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод корҳои бунёдкорию азнавсозии як қатор иншоотҳои таъиноташон гуногун бо мароми баланд идома доранд.

БОҒҲОИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТӢ ҶОЙИ ХУБЕСТ БАҲРИ ИСТИРОҲАТИ ШАҲРВАНДОН

15 апрели соли равон гурӯҳи корӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Музаффар Салим оид ба рафти фаолияти боғҳои фарҳангию фароғатӣ ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф овард.

ПОСУХ БА НОМАИ САРГУШОДАИ ПОРСӢ АНҶУМАН

Аз солҳои 20-30 асри гузашта то  ба имрӯз баҳсу мунозираҳо атрофи номи забони тоҷикӣ  ва хатте, ки имрӯз дар кишвари Тоҷикистон истифода мешавад, идома дорад. Ин баҳсу мунозираҳо хубанд, ба шарте ки ҳар андеша ё пешниҳод аз лиҳози илмӣ исбот карда шавад. Чанде пештар созмоне бо номи «Порсӣ анҷуман» ба унвони  Президенти Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номаи  фиристода пешниҳод намудааст,

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.