Левакант. Маҳфили “Оилаи ибратомӯз”

  Тибқи низомнома ва ҷадвали тартибдодаи бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант маҳфили навбатии «Оилаи ибратомӯз» дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи Эшонободи ҷамоати деҳоти «Гулистон» бо иштироки як қатор оилаҳои обрӯманди деҳа ва муҳассилини синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.

Кӯлоб. Ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ

  Дар Мачмааи варзишии шаҳри Кӯлоб ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ, ки бо ташаббуси якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуда буданд, ҷамъбаст карда шуд.

Натиҷаи ҳамкориҳои судманд

 Беморхонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён дар ҳамкори бо Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон маводҳои доруворие, ки муҳлати истифодашон гузашта буд, тариқи сӯзонидан  несту нобуд карданд.

ОҒОЗИ МУСОБИҚАҲОИ КУШОДИ ВАРЗИШӢ БАРОИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

 Дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаҳои кушоди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи бозиҳои тенниси рӯи миз, футболи хӯрд, волейбол, варзиши сабук ва шашкаю шоҳмот байни ҷавонони то 35 солаи ҷумҳурӣ  оғоз  гардид,  ғолибон сазовори «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» мегарданд.

ФЕСТИВАЛ ТО 15-УМИ МАЙ ИДОМА МЕЁБАД

 Ҳамасола дар моҳи апрел дар саросари кишварамон фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китобҳои кӯдаконаю наврасони Тоҷикистон» баргузор мегардад.Мақсади ин чорабинӣ қабл аз ҳама қабл ин  ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-иттилоотии кӯдакону наврасон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллию ватандӯстист.Кӯдакону наврасон тавассути чорабинии мазкур имкон пайдо менамоянд, ки бо шоирону нависандагони дӯстдоштаи худ аз наздик шинос

Шанбегӣ идома дорад.

 Бо ташаббус ва иштироки занон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шанбегӣ таҳти унвони «Саҳми занон дар тозагӣ ва ободии диёрамон Тоҷикистон» гузаронида шуда истодааст.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.