Имрӯз, 3 декабр, дар шаҳри Бохтар даври сеюми вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ҷамъбаст ва ғолибонаш эълон гардиданд.
Мутахассисони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон 274 номгӯй ё 18 ҳазору 572 адад маводҳои доруворӣ, маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаро ба таври сӯзонидан несту нобуд карданд.
Мирҳусайни Мусавӣ, пешвои мухолифони давлат дар Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии ин кишварро ба шоҳи собиқи кишвар монанд кардааст, ки соли 1979 баъди саркӯби бераҳмонаи тазоҳургарон ва ҳангоми Инқилоби Исломӣ сарнагун шуд.
Дар бозори «Каёнуш»-и ноҳияи Данғара «Фестивал - намоиши чорвои зотӣ» баргузор гардид, ки дар он роҳбарони хоҷагӣ ва кооперативҳои зотпарварии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ширкат варзиданд.
Дастаи «Моҳир» дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ёвон дар бозии даври 22-юми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон тими «Пахтакор»-и ноҳияи Қубодиёнро бо ҳисоби бузург шикаст дод ва баъд аз ин ғалаба дар садри ҷадвали чемпионати имсола қарор гирифт.
Имрӯз, 30 ноябр, дар шаҳри Бохтар Конференсияи 12-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Pages
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.