АВҶИ МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА

Дар навоҳии пахтакори минтақаи Кӯлоб маракаи ҷамъоварии ҳосили пахта суръату авҷи тоза мегирад. Вобаста ба маълумоти фаврӣ ноҳияҳои пахтакор то 20-уми сентябр дар ҳаҷми 16242 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ин нишондод баробари 27 фоизи нақшаи дурнаморо ташкил мекунад. Дар маъракаи ҷамъоварии ҳосил пахтакорони ноҳияҳои Фархору Данғара ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ намунаи ибратанд.

Эълон

Ба диққати вакилони Маҷлиси

вакилони халқи вилояти Хатлон

Аввалин маркази забономӯзӣ дар шаҳри Левакант ба фаъолият пардохт

 Рӯзи 20 сентябр дар шаҳри Левакант Маркази таълимӣ ва омӯзиши забони англисӣ СВОРДЕ – ТЕППА ба кор оғоз намуд, ки дар маросими расман ба фаъолият пардохтани он раиси шаҳри Левакант Самизода Санавбар, сафири шоҳигарии Британияи Кабир  Ҳю Стенли Филпотт ва таъсисдиҳандагони ин марказ иштирок намуданд.

ҚАБУЛИ САФИРИ БРИТАНИЯИ КАБИР ДАР ШАҲРИ БОХТАР

 Дар муассисаи санъати бачагонаи шаҳри Бохтар муовини раиси шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода ва дигар масъулон сафири давлати Британияи Кабир дар Тоҷикистонро қабул намуданд. Ба ин муносибат намоиши ҳунарҳои мардумӣ, рассомӣ, китобҳои дарсӣ пешкаш гардида буд.

Дар Кӯлоб муҷассамаи устод Рӯдакӣ дубора қомат афрохт

 Бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ  дар назди бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб муҷассамаи сардафтари адабиёти форсу тоҷик, шоири забардаст, султони шоирон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки донишгоҳи мазкур ба исми ин абармарди дунёи шеър гузошта шудааст, қомат афрохт.

«ХАТЛОН» БОЗИАШРО БУРД

  Дар бозии даври 16-уми Чемпионати мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бар «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо нишондоди 1:0 ғалаба карда, се имтиёз ба даст овард. Голи ягонаро дар ин дидор Умарҷон Шарифов дар дақиқаи 69-ум ба дарвозаи ҳариф зад.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.