Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар пайи фаъолсозии чархаи аввали нерӯгоҳи "Роғун" муназзам будани кори онро бо истифодаи танга санҷид.
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зикри номи Худо тугмаи оғози кори агрегатро зер карда, бо танга дар даст назди чархаи фаъоли нерӯгоҳи “Роғун” омад. Ӯ тангаро болои чарха рост гузошт, то муназзам будани кори онро озмояд.
Тангаи ростмондаи раисиҷумҳур дар ҷояш истод ва ба самте ҳаракат накарду наҷунбид. Дар пайи ин Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ даст бардошту қарсак зад.
Бо мақсади пешгири аз амалҳои коорупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани Стратегияи муқовимат бо коррупия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 бо дастури раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Аҳтам Рустам дар толори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои вилоят мизи мудаввар доир карда шуд.
Дар маркази вилояти Хатлон бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Аҳтам Рустам ва намояндагии иҷроияи иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар Ҳамоиши Гирандагони Стипендияи Президентӣ таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид, ки дар он ҷавонони фаъол низ иштирок доштанд.
Вазифаи зиёии замона дар боби шоҳкориҳои санъатии роҳбару бинокорони барӯмандони имрӯзаи Меҳан, номбардорӣ ба иҷроиши корзори Роғун ва аҳди 8 сол пеш кардаи онҳост. Истеъдоди баланди гуруҳе аз забардастони НОБ-и Роғун шарафу истиқлолияти истеҳсоли барқи Тоҷикистонро ба марҳалаи нави саъодат расонид.
Ман аз баистифодадиҳии муваффақонаи ин иншооти азим ба ваҷд омадам. Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи навини Тоҷикистон абадӣ боқӣ мемонад ва татбиқи лоиҳаи мазкур на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои мардумони тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти байналмилалӣ дорад, изҳор доштааст Исмоилов дар сӯҳбат бо раисҷумҳур
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси олии Узбакистон Нурдинҷон Исмоилов дар мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ифтитоҳи нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон ситоиш кардааст.
Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон рӯзи 22 ноябр дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ таҳти унвони “Парчамат парафшон бод, Тоҷикистон”-ро баргузор намуд.
Pages
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.