РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БА НОҲИЯҲОИ ВАХШУ КӮШОНИЁН САФАРИ КОРӢ АНҶОМ ДОД

Ҷиҳатии вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30- умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияҳои Вахшу Кӯшониён сафари корӣ анҷом дод.

ШУРУЪИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Саодат» дар Ҷамоъати деҳоти Дашти Гулҳо бо дуои пирони рӯзғордида ва деҳқонони собиқадору ва иштироки роҳбарияти ноҳия ба ҷамъоварии ҳосили дастранҷи хеш шурӯъ намуданд.

ПАХТАЧИНӢ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ ОҒОЗ ЁФТ

Яке аз самтҳои кишоварзони мамлакат пахтакорӣ мебошад ва имсол баҳри ба даст овардани ҳосили фаворон деҳқонон кӯшиш ба харҷ дода майдони кишти ин зироатро васеъ намудаанд. Бо истифода аз шароити мусоид дар ноҳияҳои кишоварзии мамлакат пахтакорон ба ҷамъоварии ҳосил шурӯъ намуда истодаанд.

ОЗМУНИ ОСОРХОНАҲО ДАР КӮЛОБ ДОИР ГАРДИД

Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади беҳбуд бахшидан ба фаъолияти осорхонаҳои кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Осорхонаҳо оинаи таърих»-ро гузаронида истодааст, ки ҳакамони ин озмун даври дуюми онро барпо карда истодаанд. Озмун дар се давр гузаронида шуда ғолибонро муайян менамоянд.

МУМФАРШКУНИИ БЕШ АЗ 6 КИЛОМЕТР РОҲ ДАР НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ

Дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдасти мамлакат корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ва солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бомаром идома доранд. Дар ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфаршкунии беш аз 6 километр роҳ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ оғоз гардидааст.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.