Дар бораи таъсиси Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон — «Вориси Сино»

Бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани савияи дониши касбии кормандони соҳа ва ҳавасманд намудани кормандони соҳаи тандурустии вилоят мутобиқи моддаҳои 19, 20 ва 33-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва 25-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани мақоми табиб, дар вилоят Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон — «Вориси Сино» дар соҳаи тандурустӣ таъсис дода шавад.

2. Ҷоизаи муқарраршуда ҳар сол дар «Рӯзи кормандони соҳаи тиб» ба ғолиб тақдим карда мешавад.

3. Низомнома ва ҳайати Кумитаи тадорукоти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон — «Вориси Сино» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

4. Сарраёсати молияи вилоят вазифадор карда шавад, ки ҳамасола маблағи мукофотонии 6 Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон — «Вориси Сино» -ро, ки ҳар кадомашон ба маблағи 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ, ҷамъ 30000 (си ҳазор) сомонӣ пешбинӣ шудаст, аз ҳисоби маблағи фонди захиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ҷудо намояд.

5.     Роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон вазифадор карда шавад, ки маблағи ҷудошударо мақсаднок истифода намуда, аз натиҷааш ба Сарраёсати молияи вилоят ҳисобот пешниҳод намояд.

6. Рӯзномаҳои «Хатлон», «Новый Хатлон», «Дӯстлик», раёсати телевизион ва радиои вилоят иттилоотро дар бораи қарори мазкур дар саҳифаҳои рӯзнома ва барномаҳои телевизиону радио чоп ва пахш намоянд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини соҳавии раиси вилоят гузошта шавад.

 

 

Раис                             Қ. Ҳакимзода

 

 

 

 

 

 

                    Замимаи 1

Ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 15.02.2019, № 46

 

НИЗОМНОМАИ

Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон — «Вориси Сино»

I.     Муқаррароти умумӣ

1. Соҳаи тандурустӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятнок сол ба сол инкишоф ёфта, заминаҳои ҳуқуқии рушди он устувор гардида, қонуну қарорҳо ва як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ бо назардошти талаботи замони нав таҳия ва қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи тандурустӣ мусоидат ва баҳри инкишофи босуръати он замина муҳайё намуданд.

2. Масъалаи баланд бардоштани мақоми табиб дар ҷомеа, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ҳавасмандгардонии моддию маънавии табибони пешқадаму эҷодкори муассисаҳои тиббӣ ва дар ин замина беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирии бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ ва ҳифз намудани саломатии аҳолӣ дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

3. Озмун барои дарёфти  Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон «Вориси Сино» дар соҳаи тандурустӣ (минбаъд — Ҷоиза) баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати масъулиятшиносӣ дар фаъолияти корӣ ва дастгирии кормандони соҳа равона карда шудааст.

2. Мақсади озмун

4. Озмун бо мақсади баланд бардоштани мақоми табиб, баланд бардоштани савияи дониши касбии кормадони соҳа, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ҳавасмандкунии моддию маънавии табибони пешқадам, ки дар рушди соҳа, ташхису табобат ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббии вилоят мусоидат карда, ба дастовардҳои баландтарин ноил гардидаанд, гузаронида мешавад.

3. Кумитаи тадорукоти озмун

5. Бо мақсади баргузории озмун Кумитаи тадорукот таъсис дода мешавад, ки аз раис, муовини раис, котиб ва аъзо  иборат аст. Кумитаи тадорукот ташкилу гузаронидан ва ҷамъбасти  озмунро ба зимма дорад.

6. Кумитаи тадорукоти озмун бо қарори раиси вилоят тасдиқ карда мешавад.

4. Вазифаҳои Кумитаи тадорукоти озмун.

7. Кумитаи тадорукот:

— пешниҳодҳои менеҷерони Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва сохтори госпиталиро барои иштироки номзадҳо дар озмун ҷамъ меорад;

— духтурони муассисаҳои хусусӣ барои иштирок дар озмун аз тарафи Сарраёсати Хадамоти назорати давлатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят пешниҳод карда мешаванд;

— пешниҳодҳоро барои дарёфти ҷоиза мавриди омӯзиш қарор медиҳад:

— ҷаласаи озмунро гузаронида, ба раиси вилоят протоколи ҷаласаро барои тасдиқ пешниҳод менамояд.

5. Теъдод ва ҳаҷми Ҷоиза

8. Ҳамасола 6 Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон — «Вориси Сино», ҳар кадомашон ба маблағи 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ, ба табибоне, ки натиҷаҳои беҳтарини меҳнатӣ доранд, ҷудо карда мешавад.

6. Шартҳои озмун

9. Барои дарёфти ҷоиза танҳо табибони муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят пешбарӣ мешаванд.

10. Номзадҳои ба Ҷоиза пешниҳодгардида аз ҷониби Кумитаи тадорукот мавриди омӯзиш ва фаъолияти онҳо мавриди таҳлил қарор дода шуда, ҳангоми мувофиқ будани онҳо ба талабот, пешбарӣ мегарданд.

11. Талаботҳо ва меъёрҳои пешниҳоди номзадҳо ба Ҷоиза чунинанд:

— дорои дараҷаи тахассусии олӣ, на кам аз 5 сол собиқаи фаъолияти тиббӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят;

—  сатҳи баланди хизматрасонӣ, натиҷаҳои назарраси фаъолият;

— дастовардҳои илмӣ ва амалии табиб дар панҷ соли охир, иштирок дар конференсия ва семинарҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилмилалӣ;

— гузоштани саҳми арзанда дар татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа;

— иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, саҳмгузорӣ дар тарғиби тарзи ҳаёти солим.

— сатҳи дараҷанокии касбӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавон.

7. Тартиби гузаронидани озмун

10. Озмун барои интихоби номзадҳо дар як сол як маротиба то 1 август доир мегардад.

11. Баъди қабули қарори интихоби номзад протоколи озмун барои тасдиқ ба раиси вилоят барои дарёфти Ҷоиза пешниҳод карда мешавад.

12. Кумитаи тадорукоти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон — «Вориси Сино» то 1 август номзадҳоро тибқи Низомномаи мазкур барои дарёфти Ҷоиза муайян мекунад.

8. Тартиби баҳодиҳӣ

13. Номзадҳо барои дарёфти Ҷоиза ба таври овоздиҳии ошкоро муайян карда мешаванд.

9. Муқаррароти хотимавӣ

14. Ҷоиза ба ғолибон аз тарафи раиси вилоят дар «Рӯзи кормандони соҳаи тиб» супорида мешавад.

15. Такроран пешниҳод намудани табибоне, ки бо Ҷоизаи раиси вилоят мукофотонида шудаанд, баъди панҷ сол мумкин аст.

16. Тағйироту иловаҳо ба Низомномаи мазкур аз тарафи раиси вилоят ворид карда мешавад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here