“Аз таърихи муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Темурмалик”

Чунин ном дорад китоби ба тозагӣ таълиф намудаи журналист, муаррих ва фарҳангшинос Ҷалолиддин Сафарзод, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 65-солагии таъсисёбии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии ташкилшавии ноҳияи Темурмалик бахшида шудааст.

Дар ин маҷмӯаи фарҳангӣ оиди таърихи таъсисёбӣ ва фаъолияти рӯзмарраи муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Темурмалик дар солҳои мухталиф маводҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.

Муаллиф кӯшидааст, ки ҳамчун мутахассиси соҳа дар асоси факту далелҳои эътимодбахш аз назари худ ба фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ дар давраҳои гуногун баҳогузорӣ намуда, фаъолияти онҳоро таҳлил намояд.

Нашри ин маҷмӯаи фарҳангӣ аз он ҷиҳат диққатҷалбкунанда аст, ки он яке аз иқдомҳои нахустини тадқиқотии фарҳангиёни музофотии кишвар мебошад.

Маҷмӯа бо забони шевою равон, обуранги ҷаззоб ва ҷолиб иншо шудааст, ки таваҷҷӯҳи хонандаро ба худ мувоҷеҳ месозад. Ҷаззобият ва ҷолибияташ дар он аст, ки кас мехоҳад ин китобро ҳарчӣ зудтар қироат намуда, барои худ маълумоти бештари фарҳангӣ пайдо намояд. Муаллиф кӯшидааст, ки ба касе пайравӣ накарда, маҷмӯаро аз нигоҳи худ  ва услуби ба худ хос рӯи қоғаз оварад.

Маҷмӯаи фарҳангии мазкур воқеан ҳам, рисолаи таърихӣ, илмӣ ва тадқиқотиест, ки аз ҷониби Ҷалолиддин  Сафарзод мухтасар оиди соҳаи фарҳанги ноҳияи Темурмалик иншо шуда, раҳоварди фарҳангии хубе мебошад, ки ҷавонмардона ба унси родмардони ин соҳаи дилкаш, писандида, илҳомдиҳанда, завқоваранда, хушию хурсандӣ оваранда, хуллас каломи бадеъдиҳанда аз диди роздониаш пайғом медиҳад.

Ҷалолиддин Сафарзод кӯшиш намудааст, ки дар бораи таърихи фарҳанги ноҳия, таъсисёбии аввалин муассисаҳои фарҳангӣ, ҳунармандон, китобдорон, собиқадорони ин соҳаи муҳими ҳаёт пажӯҳиши илмӣ ба ҷо оварад. Мақсади муаллиф унвонҷӯию бузургманишӣ  нест. Ӯ танҳо мехоҳад, ки тавассути ин маҷмӯаи фарҳангӣ, насли имрӯза ва оянда дар бораи таърих ва кору фаъолияти пурсамари фидоиёни соҳаи фарҳанги ноҳия маълумоти мукаммале дошта бошанд.

Ноҳияи Темурмалик бо санъаткорони номии худ дар тамоми ҷумҳурӣ маълуму машҳур ва боиси хушнудӣ ва ифтихори ин мардум гардидааст. Фарзандони барӯманди ноҳия муссавири нотакрор Сабзалӣ Шарифов, оҳангсоз Фаттоҳ Одинаев, ҳунарманди боистеъдод Убайдулло Раҷабов ва дигар ҳунармандони  шинохтаи тоҷик оҳангсозон Хайрулло Абдуллоев, Миратулло Атоев, актёрон Тӯрахон Аҳмадхонов, Лутфулло Давлатов, Маҳмасаид Пиров, ҳофизон Чиллахон Холов, Саломат        Қобилова, Идимоҳ Ҳалимова, Азизулло Шарифов, Хуршед Шокирзод, Бегиҷон Ашӯров, Маҳмадалӣ ва  Раҷабалӣ Уваловҳо, Ҳабибулло ва Баҳриддин Бековҳо, Абдумаҷид Боймуродов, Шодмон Одинаев, Мӯнис Иброҳимӣ, Рӯзибеки Файзалӣ, Ибодат  Раҷабова, Фирӯзҷон Сафарзод, муғаннӣ Маҳмасаид Тӯраев, режиссёр Раҷабалӣ Пиров, ҳаҷвнигор Файзи Сулаймон (Астонаев) ва даҳҳо дигар фарзандони фарзонаи ноҳияи Темурмалик дар рушди фарҳанги тоҷик хизмати шоиста доранд.

Дастовардҳои ҳунарие, ки аҳли фарҳанги ноҳия тӯли беш аз як аср ба даст овардаанд, худ бозгӯи ҳунари волои ҳунармандони ноҳияи Темурмалик аст ва аз қадимӣ будани фарҳанги мо далолат мекунад.

Ҷалолиддин Сафарзод қобилияти худро дар риштаи фарҳангшиносӣ санҷида, мехоҳад бо зинда кардани номи фарзандони фарҳангии ноҳия, ёдгории фарҳангие ба насли оянда боқӣ гузорад. Ин амали некаш ба мисли оруи асал аст, ки аз гулҳои фарҳанг шаҳди шамим ба таърих раҳовард овардааст.

Маҷмӯаи фарҳангии “Аз таърихи муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Темурмалик” барои фарҳангшиносон, таърихнигорон, таҳлилгарон, дӯстдорони соҳаи фарҳанг ва доираи васеи хонандагон, ки ба масъалаҳои фарҳангӣ мароқ зоҳир менамоянд, пешбинӣ шудааст.

Ба ин маҷмӯаи фарҳангӣ рӯзноманигори варзида, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Боронов пешгуфтор навишта, китоб зери назару таҳрири узви иттифоқи нависандагон ва журналистони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Носири Хусрав, Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Айниддин Гадозода омодаи чоп гардидааст.

Раҳмоналӣ Хоҷазода,

директори қасри фарҳанги

ноҳияи Темурмалик

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here