Декабр 2019

Иштироки раиси вилоят дар маросими гузоштани санги асоси муассисаи томактабӣ дар Ховалинг

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода 31 декабр дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ховалинг дар расми гузоштани санги асос барои бунёди муассисаи томактабӣ барои 100 нафар кӯдакони хурдсол дар деҳаи Сиёҳфарк иштирок намуд.

Ифтитоҳи беморхонаи нави рақамӣ дар деҳаи Сиёҳфарки Ҷамоати деҳоти “Шугнов”

Имрӯз, 31 декабр, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода беморхонаи рақамии деҳаи Сиёҳфарки Ҷамоати деҳоти “Шугнов”-и ноҳияи Ховалинг мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Беҳтаринҳои Федератсияи футболи вилояти Хатлон дар соли 2019 муайян гардиданд

Имрӯз, 30 декабр, дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилояти Хатлон, раиси Федератсияи футболи вилоят Қурбон Ҳакимзода, ноиби Президенти Фдератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, аъзои Кумитаи Иҷроияи Федератсияи футболи вилояти Хатлон, собиқадорони футболи вилоят ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.

Мулоқоти раиси вилоят бо ҷавонон оид ба пешгирии ифротгароию терроризм

Нимаи дуюми имрӯз, 30 декабр, дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар мулоқоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҷавонону варзишгарон оид ба пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ доир гардид.

Сафари кории муовини якуми раиси вилояти Хатлон Хайрулло Амонулло ба ноҳияи Ёвон

Имрӯз, 28-уми декабр, муовини якуми раиси вилояти Хатлон Хайрулло Амонулло бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъиноташ гуногун, шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ, расонидани кӯмак ба яти

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ

Имрӯз, 26 декабр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакатро, ки тавассути шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон мустақиман пахш гардид, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳру навоҳии вилоят, корхонаву муассисаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба таври дастаҷамъӣ тамошо карданд.

Баррасии масъалаҳои мубрам дар ҷаласаи Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Имрӯз, 25 декабр, ҷаласаи Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати Ғазалшоҳ Сафарзода, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, баргузор гардид.

ҶАВОНОН - ПОСДОРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Фарҳанги миллӣ як рукни ҷудонашавандаи давлати миллӣ ба ҳисоб рафта, василаи асосии муаррифии давлату миллат дар сатҳи  байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Фарҳанг домони густурдаву васеъ дорад ва ҷомеъаҳое, ки такя ба фарҳанг доранд дар тамоми ҷодаҳо муваффақ ба назар мерасанд. Ин гуфтаро дар таҷрибаи ҳаётии  давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дидан мумкин аст.

Мулоқоти Қурбон Ҳакимзода бо ҳайати намояндагони шаҳри Вэйнани вилояти Шэнсӣ

Имрӯз, 23 декабр, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мулоқоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҳайати намояндагони шаҳри Вэйнани музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Халқии Хитой доир гардид.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.