Август 2019

РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БА НОҲИЯҲОИ ВАХШУ КӮШОНИЁН САФАРИ КОРӢ АНҶОМ ДОД

Ҷиҳатии вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30- умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияҳои Вахшу Кӯшониён сафари корӣ анҷом дод.

ШУРУЪИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Саодат» дар Ҷамоъати деҳоти Дашти Гулҳо бо дуои пирони рӯзғордида ва деҳқонони собиқадору ва иштироки роҳбарияти ноҳия ба ҷамъоварии ҳосили дастранҷи хеш шурӯъ намуданд.

ПАХТАЧИНӢ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ ОҒОЗ ЁФТ

Яке аз самтҳои кишоварзони мамлакат пахтакорӣ мебошад ва имсол баҳри ба даст овардани ҳосили фаворон деҳқонон кӯшиш ба харҷ дода майдони кишти ин зироатро васеъ намудаанд. Бо истифода аз шароити мусоид дар ноҳияҳои кишоварзии мамлакат пахтакорон ба ҷамъоварии ҳосил шурӯъ намуда истодаанд.

ОЗМУНИ ОСОРХОНАҲО ДАР КӮЛОБ ДОИР ГАРДИД

Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади беҳбуд бахшидан ба фаъолияти осорхонаҳои кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Осорхонаҳо оинаи таърих»-ро гузаронида истодааст, ки ҳакамони ин озмун даври дуюми онро барпо карда истодаанд. Озмун дар се давр гузаронида шуда ғолибонро муайян менамоянд.

МУМФАРШКУНИИ БЕШ АЗ 6 КИЛОМЕТР РОҲ ДАР НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ

Дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдасти мамлакат корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ва солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бомаром идома доранд. Дар ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфаршкунии беш аз 6 километр роҳ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ оғоз гардидааст.

ДАР БАЛҶУВОН СОҲАИ САЙЁҲӢ РУШД МЕКУНАД

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад ва аксари давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон аз ин ҳисоб ба буҷаи кишварашон миллионҳо маблағ меоранд ва ҳамзамон аз таъриху маданият ва фарҳанги мардуми кишварашон ба сайёҳон иттилоъ медиҳанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баъди соҳибистиқлол гардидани мамлакат ба ин соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баҳри истифодаи имкониятҳои мавҷуда чораҷӯӣ дорад.

ДАР НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ МАКТАБҲО БАРОИ ҚАБУЛИ ХОНАНДАГОН ОМОДААНД

Имсол маорифчиёни ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар таътили тобистона дастаҷамъона бо дастгирии Асотсиатсияҳои волидайн ва омӯзгорон ба таъмири бинои муассисаҳо шурӯъ карда, дар як қатор муассисаҳои таълимӣ корҳои таъмириро анҷом доданд.

«МОҲИР» - ПЕШСАФИ ЛИГАИ ДУЮМ

Дастаи футболи «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон баъд аз анҷоми даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон бо 27 имтиёз дар ҷадвал дар ҷойи аввал қарор гирифт.

2000 СОМОНӢ – МУКОФОТ БА ОМӮЗГОРИ КИТОБХОН

Ба барандаи шоҳҷоизаи даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...» дар ноҳияи Ёвон омӯзгор Фарзона Темурова 2000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.