Июн 2019

КОРҲОИ ОБОДОНӢ БАХШИДА БА 30 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН ВУСЪАТ МЕЁБАД

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон аз рафти корҳои сохтмонӣ ва аёдати чанд тан аз собиқадорони ҷангу меҳнат дидан намуда, баъдан дар Қасри ифарҳанги ноҳия бо фаъолон, кормандони касбу кори гуногун сокинони ноҳия вохӯрӣ анҷом доданд. Дар вохӯрӣ як қатор масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗӮИ «НАҚШИ АҲЛИ ҶОМЕА БА ИСТИҚБОЛИ САЗОВОРИ ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ДАР МИСОЛИ ДЕҲАИ ПУШИНГ

Дар Ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Нақши аҳли ҷомеа ба истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мисоли деҳаи Пушинг доир гардид.

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ МАВЗЕҲОИ ОСЕБДИДАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОЗДИД БА АМАЛ ОВАРД

Субҳи 20-уми июни соли ҷорӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Хуросон, Панҷ, Фархор, Ҳамадонӣ ва Восеъи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

САИДҶОН ҲАКИМЗОДА – ШОИРИ ВАТАНПАРВАР

Бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ дар мавзӯи «Саидҷон Ҳакимзода ва масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик» бахшида ба 80 - солагии шоир Саидҷон Ҳакимзода баргузор гардид.

ЧАКАН МУАРРИФГАРИ ФАРҲАНГИ ҒАЙРИМОДДИИ ТОҶИКОН ДАР ҶАҲОН АСТ

Дар шаҳри Кӯлоб Фестивал - намоиши ҷумҳуриявӣ -“Зиннату ҳусни ҷавонист, Чакан!” бо иштироки зиёда аз 300 нафар ҷавонон, ки аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташриф оварда буданд, баргузор гардид.

БА ДИҚАТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Рӯзи 28 июни соли 2019, соати 900 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум бо масъалаҳои зерин баргузор мегардад:

Сафарзода Ғазалшоҳ ба аёдати Боев Амон рафт

  20 июни соли ҷорӣ  бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Сафарзода Ғазалшоҳ ба аёдати Боев Амон –раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнатӣ минтақаи Бохтари вилояти Хатлон рафта аз ҳолу аҳвол ва фаъолияти  кории корхонаи собиқадорон бохабар шуда, кумаки пулию молии раиси вилояти Хатлонро ба собиқадор Боев Амон ва кормандонаш расонид.

405 гектар боғу токзор парвариш меёбад

      18 июни соли ҷорӣ раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон аз боғоти хоҷагии Сафар Ҷумъаев ҷамоати дехоти Узун-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан кард.

Ҷайҳун. Дар истеҳсоли сабзӣ, пиёз, лимӯ, мева ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар пешдастӣ доранд

   Дар ҷараёни кори рӯзи 18 июни соли ҷорӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Ҷайҳун рафта аз ҷараёни кишти сабзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Аюбҷон» аз Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ дидан намуд. Деҳқонони ноҳияи Қумсангир аз замин самараноку оқилона истифода бурда, дар як сол ду – се ҳосил ба даст медароранд. Дар истеҳсоли чанд намуди маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ мақоми хосаро ишғол мекунанд.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.