Апрел 2019

БЕМОРХОНАИ ХУСУСИИ БЕМОРИҲОИ ЧАШМ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Дар кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб беморхонаи хусусии бемориҳои чашм иборат аз ду ошёна бо иштироки Сарвазири мамлакат Қ. Расулзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Олимзода, раиси вилояти Хатлон Қ. Ҳакимзода ва раиси шаҳри Кӯлоб А. Хайрулло мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ЗАБОНОМӮЗӢ ДАР КӮЛОБ

Рӯзи 10 апрели соли равон дар кӯчаи С. Шакарови шаҳри Кӯлоб маркази омӯзиши забонҳо ифтитоҳ гардид, ки дар кушодашавии бинои мазкур Сарвазири кишвар Қ. Расулзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Саид, раиси вилояти Хатлон Қ. Ҳакимзода, раиси шаҳри Кӯлоб А. Хайрулло ва таъсисдиҳандагони марказ иштирок намуданд.

КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛ ВА ФУРӮШИ МАҲСУЛОТҲОИ ҚАННОДӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

Дар ҷараёни сафари кории Сарвазири кишвар ба шаҳри Кӯлоб дар кӯчаи А. Абдураҳмонов як коргоҳи истеҳсол ва фурӯши маҳсулотҳои қаннодӣ мавриди баҳрабардории сокинон ва меҳмонони шаҳр қарор дода шуд.

ИФТИТОҲИ МАЙДОНИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲАИ В. ШАМСОВ

Тавре иттилоъ дода будем Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор бинову иншоотҳое, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегарданд дар вилояти Хатлон қарор доранд, нимаи дуюми рӯзи 10 апрел ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, дар деҳаи В.

Покровитель ТЭО ПИВ - КСИР объявлен террористической организацией

8 апреля с.г. президент США Дональд Трамп в Белом доме официально заявил, что Корпус стражей исламской революции (КСИР) служит для террористической кампании руководства Ирана, являясь "основным средством" властей по "осуществлению его глобальной террористической кампании". По сообщению сайта "Фергана.Ру"

АМРИКО НАЙРАНИ ТОЗАИ ЭРОНРО КУШОД

Солҳост, ки Эрон дар пайи густариш бахшидани нуфӯзи худ дар минтақа ва ҷаҳон бо сарҷамъ сохтани чанд тан сагону лошахӯроне, ки худро ба пусти инсон ҷой додаанд, бо аҳдофи ба шиагӣ талқин кардани зеҳни миллатҳои бегона, ба касофаткориҳои комилан шубҳаовар даст зада истодааст.

ИФТИТОҲИ СЕ ИНШООТИ МАИШӢ ДАР САЙРОБ

Имрӯз дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар деҳаи Сайроби Ҷамоати деҳоти Панҷоб маркази саломатӣ, майдончаи варзишӣ, маркази хизматрасонӣ ва савдоро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

ИСТИФОДАДИҲИИ МАЙДОНЧАҲОИ ФУТБОЛИ ХУРД ВА БАСКЕТБОЛ

Дар деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Ҳамадонӣ дар расми ба истифодадиҳии майдончаи варзишӣ, ки дорои майдончаҳои футболи хурд ва баскетбол мебошад Сарвазири ҷумҳурӣ ва раиси вилоят иштирок намуданд.

ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ХАЛТАҲОИ ПОЛИЭТИЛЕНӢ

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Расулзода ва раиси вилоят Қ. Ҳакимзода ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ дар деҳаи Пушкини Ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳия оғози расмӣ бахшид.

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ДЕҲАИ МЕҲНАТОБОД

Дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон маркази хизматрасонӣ, ки аз нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, мағозаи масолеҳи сохтмонӣ ва нуқтаи шустушӯи мошинҳо ва қолинҳо иборат аст ба истифода дода шуд.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.