Апрел 2019

МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРЯВӢ ОИД БА МОТОТСИКЛРОНӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Дар шаҳри Левакант мусобиқаи ҷумҳурявӣ оид ба мототсиклронӣ дар пойгоҳи мототсиклронии шаҳри Левакант дар миёни варзишгарони дастаҳои беҳтарини ташкилотҳои Ҷамъияти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ДАСТРАНҶИ ДЕҲҚОНОНИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

16 апрели соли 2019, баъди нисфирӯзӣ, раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон аз рафти парвариш ва ҳосилғундории сабзавоти барвақии зери плионкагӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии “Бобои Бекназар” ва “Бобои Эргаш”  ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол ва хоҷагиҳои деҳқонии “Ватан” ва “Раҳмонбердӣ”-и ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён дидан намуда, бо рафти корҳои деҳқонон шинос шуд.

ДАР МУЪМИНОБОД ДАР СЕ СОЛИ ОЯНДА 221 ИНШООТ СОХТА МЕШАВАД

Бо мақсади дар сатҳи олӣ пешвоз гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод корҳои бунёдкорию азнавсозии як қатор иншоотҳои таъиноташон гуногун бо мароми баланд идома доранд.

БОҒҲОИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТӢ ҶОЙИ ХУБЕСТ БАҲРИ ИСТИРОҲАТИ ШАҲРВАНДОН

15 апрели соли равон гурӯҳи корӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Музаффар Салим оид ба рафти фаолияти боғҳои фарҳангию фароғатӣ ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф овард.

ПОСУХ БА НОМАИ САРГУШОДАИ ПОРСӢ АНҶУМАН

Аз солҳои 20-30 асри гузашта то  ба имрӯз баҳсу мунозираҳо атрофи номи забони тоҷикӣ  ва хатте, ки имрӯз дар кишвари Тоҷикистон истифода мешавад, идома дорад. Ин баҳсу мунозираҳо хубанд, ба шарте ки ҳар андеша ё пешниҳод аз лиҳози илмӣ исбот карда шавад. Чанде пештар созмоне бо номи «Порсӣ анҷуман» ба унвони  Президенти Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номаи  фиристода пешниҳод намудааст,

ДАВЛАТИ МИЛЛИ ДАР РОСТОИ ҲАМШАРИКИИ СТРАТЕГИ

Равандҳои муосири муносибатҳои байналхалқӣ, қонунияти сиёси ва давлати тақозо мекунанд, ки кишварҳо дар ҳар шакле бо ҳам дар иртиботи қави бошанд ва кайфияти тақвияти муносибатҳо сатҳи ҳамкориро ба дараҷаи баландтар, ки онро зери мафҳуми “шарики стратеги” ифода мекунанд, мерасонад.

Абдухолиқи Набавӣ: «Садриддин Айнӣ дуррест, ки ҳар бор ҷилои нав медиҳад»

ДУШАНБЕ, 15.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зодрӯзи Устод Садриддин Айнист. Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ тасмим гирифтааст, то бахшида ба 141-солагии сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Садриддин Айнӣ куллиёти нави устод Айниро бо такмил ба нашр расонад.

СУХАНРОНИИ Ш. ЗУҲУРОВ ИСБОТИ АМАЛҲОИ ЗИДДИТОҶИКИИ ТТЭ ҲНИ

Вақти он фаро расидааст, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ фаҳманд, ки ТТЭ ҲНИ дар ташкили ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон саҳми бузург дорад. Шукурҷон Зуҳуров дар нишасти 140 – уми Иттиҳоди Ассамблеяи Байнипарлумонӣ дар кишвари Қатар ба маврид гуфтааст, ки

“ТТЭ ҲНИ наздик ба 30 сол аст, ки ғояҳои экстремистии худро болои миллати тоҷик таҳмил намуда, монеи пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми Тоҷикистон шудааст”. Албатта, роҳбари ин ташкилоти ифротӣ аз солҳои фаъолияташ дар Тоҷикистон мехост, ки мақсадҳои нопокашро амалӣ созад, аммо ба орзӯҳояш нарасид.

МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ ДОХИЛИИ МИНТАҚАВИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА 2 МИЛЛИАРДУ 799,6 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии минтақавии вилояти Хатлон дар 3-моҳи соли 2019 ба 2 миллиарду 799,6 миллион сомонӣ расида, афзоиш нисбати соли 2018-ум 7,2 фоизро ташкил медиҳад, қайд карда шуд дар ҷамъбасти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Хатлон дар 3-моҳи соли 2019.

ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТҲОИ САНОАТӢ БА 1714,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСОНИДА ШУД

Саноаткунонии босуръати кишвар яке аз он масъалаҳои асосие ба ҳисоб меравад, ки Пешвои миллат дар Паём ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда онро ҳадафи чоруми стротегии мамлакат эълон намуд.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.