Апрел 2019

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД 

    20 апрели соли 2019 раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ба ноҳияи Муъминобод сафари корӣ анҷом дод. Раиси вилоятро дар даромадгоҳи ноҳияи Муъминобод,ҷамоати деҳоти ба номи Ш. Шоҳин фаъолони ноҳия истиқбол намуданд.

МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРИ ДИҲАД, АҚЛҲОРО АҚЛҲО ЁРИ ДИҲАД

  Дар асоси нақшаи кории  бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2019 дар ҳамкорӣ бо коршиносони Лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ» (PDV)  дар вилояти Хатлон ва дастгирии бевоситаи раиси вилоят муҳтарам Ҳакимзода  Қурбон рӯзҳои 19-20-уми апрели соли ҷорӣ  дар маркази вилоят шаҳри Бохтар бо иштироки сармутахассис-котибони Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар мавзӯи «Пешги

Таъмини амнияти озуқаворӣ

 Кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баҳри таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҷидуҷаҳд доранд. Натиҷаи меҳнати шабонарӯзии онҳост, ки нархи маҳсулоти кишоварзӣ нисбати солҳои пешин поён рафтааст.

СОХТМОНИ ИНШООТҲО ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Ноҳияи Балҷувон ҳамчун ноҳияи туристӣ ба ҳисоб рафта, бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 -солагии Истиклолияти давлатӣ дар тамоми қаламравӣ ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ ва таъмир намудани иншоотҳои гуногуни хизматрасонӣ аз қабили сохтмони бозори замонавӣ, сохтмони роҳҳо, боғи фарҳангию фароғатӣ, бунёди осорхонаву истироҳатгоҳҳо, иншоотҳои замонавӣ бо маром идома дорад.

БУНЁДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Ноҳияи Ховалинг яке аз ноҳияҳое аст, ки бо мамнуъгоҳу зиёратгоҳҳояш овозадор ва аз ҷиҳати табиаташ зебо, ки дар вилояти Хатлон ҷойгир аст, бо ташабуси Сарвари мамлакат бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба бунёдкорию созандагӣ аз қабили зиёд намудани масоҳати боғу гулгаштҳо, чароғонкунонӣ, қомат афрохтани Парчами давлатӣ, Нишон ва бунёди иншотҳои замонавӣ овардааст, ки корҳо дар ин самт марҳила ба марҳила идома ёфта истодааст.

ПЕШГИРИИ ПАҲНШАВИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ - СОЛИМИИ ҶОМЕА

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубоддиён вохӯрии гурӯҳи кори якҷояи раёсати тандурустӣ ва прокуратураи вилояти Хатлон бо кормандони соҳаи тиб, сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн баргузор гардид.

251 НАФАР БО ҶОЙИ КОРӢ ТАЪМИН ГАРДИДАНД

Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли алҳолии шаҳри Бохтар дар се моҳи аввали соли 2019-ум 473 шаҳрвандони бекор барои дарёфти ҷойи кор муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора 456 корҷӯй ба қайд гирифта шудааст, ки 251 ба кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин гаштанд.

КОНФРОНСИ АДАБӢ- БАДЕӢ ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Аз ҷониби масъулини Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддини Шоҳин ва роҳбарияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар толори хониши омавии китобхонаи болозикр бо иштироки васеъи шоирону адибон, китобдорон,  навқаламон, донишҷуёни донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва ҳамчунин аъзоёни фаъоли китобхона дар заминаи Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати мили, Пешвои миллат, Президенти

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ

Хизмат кардан ба Ватан, ифтихори ҳар як ҷавонмарди соҳибватан мебошад. Ватане, ки имрӯз соҳибистиқлолу демократӣ, тинҷиву осудагӣ дар фазояш пойдор аст, бароямон мисли падару модар азизу муқаддас мебошад. Моро месазад, ки меҳани хешро ҳифзу обод намоем. Чунки вазифа ва қарзи мо шаҳрвандони ин сарзамин аст. Аммо, мутассифона имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки баъзе волидайнҳо намегузоранд, фарзандон хизмати ҳарбиро адо намоянд.

ТО ҶАШНИ 30 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ 300 ИНШООТИ ХУРДУ БУЗУРГ СОХТА МЕШАВАД

Фирдавс Абдураҳимов мудири бозрасии ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ховалинг ба мо иттилоъ дод, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг сохта ба истифода додани беш аз 300 иншооти хурду бузург ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз як қисми онҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.