September 2018

Сирк дар Варшава, ё худ имзои масхарапаймон байни лухтакҳое, ки аз як даст идора мешаванд!

  Тавре аз расонаҳо огоҳ шудем 4 созмони ба қавле “оппозитсионӣ” – ҳизби террористии наҳзати ислом ва се ташкилоте, ки худи наҳзатиёни хоин бо номҳои назарфиреб ба таври сунъӣ сохтаанд, яъне Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани озодандешони тоҷик ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, дар Варшава ба таври масхараомез байни худ “созишнома” имзо кардаанд ва иттиҳоде бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” таъсис додаанд.

САҲА БОЯД ҲАҚИҚАТНИГАР БОШАД

 Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯро ба конфронс даъват кардааст, чунин менамояд, ки хилофи маромнома ва роҳи пешгирифтаи худ амал менамояд.

Вокуниши ҷавонони ташаббускори вилояти Хатлон оид ба таъсиси «Паймони миллии Тоҷикистон»

 Ҷавонони баору номус ва ватандӯсти вилояти Хатлон аз таъсиси як иттиҳод таҳти унвони «Паймони милии Тоҷикистон», ки аз ҷониби мухолифин, аъзоёни ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати Исломи Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони он дар хориҷи кишвар ташкил гардидааст, изҳороти худро чунин баён менамоянд:

Ҳамадонӣ. Вохӯрии вакили мардумӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ

  Рӯзи 11.09.2018 сол дар деҳаи Сафедоби Ҷамоати деҳоти Панҷрўд вохурии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Ҳаёт ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолону омўзгорони ин Ҷамоат баргузор гардид.

ШАМСИДДИН ШОҲИН. МАҲАЛЛАИ КӮҲДОМАН СОҲИБИ ХАТИ ОБИ НӮШОКӢ ГАРДИД

  Ҳафтаи гузашта сокинони маҳаллаи Кӯҳдомани ҷамоати деҳоти Шӯрободи ноҳияи ба номи Шамсиддин  Шоҳин, ки он дар шафати чапи роҳи байналмиллалии Душанбе-Қулма қарор гирифтааст, дар доираи амалисозии «Барномаи ҷонибдории манотиқи кӯҳистон»-и Хазинаи Оғохон соҳиби хати оби нӯшокӣ гардиданд.Акнун беш аз 100 хонаводаи маҳалла, ки солҳо аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд, аз банди ин мушкилоти зиндагӣ раҳо шуданд.Дар амалисозии Барномаи мазкур сокинони худи маҳалла низ саҳм гузоштан

«ПАЙМОНИ ХИЁНАТПЕШАГОН»

   Мо аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Хатлон ва Шӯрои Кӯҳансолони ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тавре аз расонаҳо огоҳ шудем чор созмони ба қавле оппозитсионӣ –ҳизби террористии  наҳзати ислом ва се ташкилоте, ки худи наҳзатион ба таври сунъӣ сохтаанд - Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани озодандешони тоҷик ва анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ба таври масхараомез байни худ «Созишнома» имзо кардаанд ва иттиҳоде бо номи «Паймони милл

Таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик

 Рӯзи 08.09.2018 сол ба истиқболи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти ноҳия, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, идораҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, омӯзгорону толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва сокинони ноҳия чорабинии тантанавии фарҳангиву маърифатӣ доир гардид.

Саноати Кӯлоб рушд меёбад

 Бо бунёду таҷдид ва ворид намудани дастгоҳу таҷҳизотҳои муосири соҳа дар зарфи 8 моҳи соли равон дар шаҳри Кӯлоб ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ ба 121,9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 15,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

ВОСЕЪ: ТАВАҶҶӮҲИ ХОСА БА МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН

  Қабули шаҳрвандон, шунидани арзу шикоят ва дархости онҳо яке аз вазифаҳои асосӣ ва муҳими мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияи мо маҳсуб меёбад,-арз карда буданд раиси ноҳияи Восеъ Мӯсо Зарифзода зимни мулоқоти хеш бо хабарнигорон.

ИСТИҚБОЛИ 27 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

  Ба хотири истиқбол аз 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода бо дигар меҳмонони расмӣ ба маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар ташриф оварданд. Онҳо ҳамроҳ бо раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода ва раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода дар расми ифтитоҳи иншооти иҷтимоӣ ва чорабиниҳои тантанвию фарҳангӣ ширкат намуданд.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.