September 2018

Левакант. Рафтори ноҷавонмардонаи мухолифинро маҳкум карданд

  Рӯзи 13-уми сентябр дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 бо ташаббуси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва аъзои маҳфили «Гулбазм» бо шогирдону устодони ин деҳа вохӯрӣ доир гардид, ки дар миёни аҳли нишаст вобаста ба қадру манзалати омӯзгор ва падару модар, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», роҳи тайнамуд

Тарғиби фарҳанги либоси миллӣ

  12 Сентябри соли ҷорӣ  дар назди  Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, колеҷҳои тиббӣ ва омӯзгорӣ дар шаҳри Бохтар буда, аз ҷониби сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти оҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оиди бегонапарастӣ, алалхусус пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллии мо бегона рейди муштарак гузаронида шуд.

ЭЪТИРОЗ БА МУАССИСОНИ БО НОМ ПАЙМОНИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

  Мо донишҷӯён, ҳайати профессорон ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ суханҳои бемантиқу бепояи нерӯҳои ҷиноятпеша, ки аз тарси дар пеши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб гуфтану гирифтори ҷазо гаштан, ба хориҷи кишвар гурехтаанд, дар саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ мутолиа намуда, байни худ мавриди муҳокима қарор додем.

Вокуниши занону модарони вилояти Хатлон оид ба таъсиси «Паймони миллии Тоҷикистон»

  Занону модарони саодатманд ва ватандӯсти вилояти Хатлон аз таъсиси як иттиҳод таҳти унвони «Паймони миллии Тоҷикистон», ки аз ҷониби аъзоёни ҳизби мамнӯъгаштаи наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ дар хориҷи кишвар таъсис ёфтааст, изҳороти худро чунин баён менамоянд:

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал

  Н. Хусрав. Дар маҳаллаи Сангобаи ҷамоати деҳоти Наврӯзи ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки васеъи аъзои ҳизб ва сокинони маҳалла бо мақсади сафарбар намудани аҳолӣ ба корҳои ободонӣ, рушди корҳои хонагӣ, саҳмгузорӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, эҳё ва тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ мулоқот баргузор гардид.

Даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ оғоз мешавад

  Рӯзи 12 сентябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон №212 аз 07 сентябри соли 2018 , ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1095 аз 28 августи соли 2018 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои таваллуди 1991-2000 ба хизмати ҳарбӣ» бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб, муҳт

КОРВОН АЗ РОҲИ ХУД НАМЕГАРДАД

  Дар санаи 10 сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби душманони, хоинони миллат пахш гардидани суханони номатлуб дар бораи сиёсати имрӯзаи мамлакат, хусусан, дар бораи фаъолияти  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маро бисёр нороҳат кард.

Вокуниши фарҳангчиёни  вилояти Хатлон оид ба таъсиси «Паймони миллии Тоҷикистон»

  Мо аҳли фарҳанги  вилояти Хатлон  вилояти Хатлон аз расонаҳо огоҳ шудем,ки  чор созмони ба қавле оппозитсионӣ –ҳизби террористии наҳзати ислом ва се ташкилот чун Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани озодандешони тоҷик ва анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ шармандавор байни худ «Созишнома» имзо кардаанд ва иттиҳоде бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» таъсис додаанд.

ВОСЕЪ. КӮМАКИ НАВБАТӢ БА ХОНАИ МАЪЮБОН

  Чанд сол боз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарпарастии хонаи маъюбонро, ки он дар назди деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳия қарор гирифтааст, ба ӯҳда дорад. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар давоми ин сарпарастӣ вазъи зиндагии бошандагони он дучанд беҳ гардид. Ин беҳбудии воқеъан ҳам назаррас, пеш аз ҳама марбути дастгириҳои ҳамешагии онҳост. Ба наздикӣ аз ҷониби сарпараст, боз ба хонаи маъюбон ба андозаи 60 ҳазор сомонӣ кӯмаки навбатӣ расонида шуд.

ГИРДОБ...

Ҳусейн Абдусамадов, як сокини Душанбе, ки дар ширкат ба ҳамлаи сайёҳони хориҷӣ дар ҷамоати Себистони Данғара рӯзи 29 июл гумонбар мешавад, барои нахустин бор баъди ин ҳодиса дар як барномаи телевизиони давлатӣ зоҳир шуд. Дар барномаи телевизионии “Гирдоб”, ки шоми 4 сентябр дар шабакаҳои давлатии телевизионӣ намоиш дода шуд, Ҳусейн Абдусамадов гуфт, ки масъулияти раҳбарии гурӯҳи ҳамлагарон ба сайёҳони хориҷиро ба дӯш дошт.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.