September 2018

Хиёнат ба ватан, миллат ва дин гуноҳест нобахшиданӣ!

  ВОКУНИШ. Аз тариқи интернет боз як маҳзакаи хандаовару аблаҳона ва разилонаи хоинони Ватану миллатро дар шаҳри Варшава тамошо намуда, ба хулосае омадам, ки ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол оиди кирдору рафторҳои ин мусичаҳои «бегуноҳ» андешаҳоямро баён созам.

ХОИНОН ДАР ҲИМОЯИ ҶИНОЯТКОРОН (Ё  худ минбарихоҷагон дар ихтиёриғуломон)

  Инсон мавҷудест, ки, пеш аз ҳама, дорои шараф ва номус аст, вагарна инсони шарафу номус гумкарда ҳеч фарқе аз ҳайвон надошта, маънои ҳастияш гум шудааст.

Озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо таҳти унвони “Чароғи ҳидоят”

  Имрӯзҳо дар асоси фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.07.2018, №116  ва фармоиши сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон аз 28.08.2018 таҳти №44 бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 26-солагии Парчами миллии Тоҷикистон ва бахшида ба эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо таҳти унвони “Чароғи ҳидоят” аз 05.09.2018 дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Ҷ.Балхӣ,

Маросими кушодашавии аввалин мавсими театри вилоятии  лӯхтаки «Афсона»-и вилояти Хатлон

 Барномаи мазкур ифодагари сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, мақсади он тарғиби идеали миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва башарӣ, ташвиқи хештаншиносӣ ватандӯстӣ ва санъати тамадунофари миллӣ, ки санъати театрӣ алалхусус театри  лӯхтак ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги Тоҷикистон мебошад, кӯдакон ва наврасонро дар рӯҳияи бунёдкорӣ ва созандагӣ тарбият мекунад.

Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Қобили ёдовари аст, ки  рӯз то рӯз дӯстиву ҳамкорӣ, муносибати  Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Ҷумҳурии Ӯзбекистон беҳтару хубтар гашта истодааст. Ин ҳама пешравиҳо, тақвияти дӯстиву бародарӣ   ду миллати ҳамхун-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев  таъмин намуданд.

Вокуниш ба рафти ҳодисаҳое, ки дар ҷаласаи байни аъзои ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава рух додааст.

  Кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия нисбати амали ноҷавонмардонаи ҲНИ, ки феълан роҳбарии онро Муҳиддин Кабирӣ ба уҳда дорад, нисбати ҳодисаи дар рӯзи дуюми ҷаласаи ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава рух дода бетараф буда наметавонанд.

Изҳороти ҷавонмардони содиқи Ватан аз ноҳия Вахш

  Мо ҷавонмардони содиқи Ватан аз ноҳияи Вахш тавассути шабакаҳои интернетӣ навори муноқишаи байни нафарони ҳайати намояндагии  Ҳукумати кишвар  дар машварати солонаи САҲА ва нафарони ТЭТ  ҲНИ-ро тамошо карда, бори дигар итминони комил пайдо кардем, ки ТЭТ ҲНИ аз ибтидои пайдоишаш то ба имрӯз дар ҳолатҳои заъфаш барои рӯйпуш намудани ҷиноятҳои содирнамудааш ва барои худро мусичаи бегуноҳ вонамуд кардан ба дасиса, иғвога

Хиёнаткорон ҳамеша шармандаи давру замонанд!

  ВОКУНИШ. Нисбати муноқишаи рӯзи дуюми нишасти Созмони Амнияти ва ҳамкории Аврупо дар Варшава миёни ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифини тоҷик гуфтани ҳастем, ки шахси хиёнаткор ба ватан ба ҳарҷо, ки қадами худро гузорад, алббата бо як дасисаю найранг коре мекунанд, ки як муноқиша ё ҷангу даъво ва ба оромии сиёсии мо норомиҳоро ворид гардонад.

Ватанамонро аз нохалафони беватани наҳзатӣ ҳифз менамоем!

 ВОКУНИШ. Таърих ба ҳама суолҳо ҷавоб дорад. Бо гузашти ду даҳсола аз итмоми ҷанги шаҳрвандӣ воқеияти он рӯзҳо аз забони шоҳидони зинда шунида мешавад, ки аз сӯи собиқ маъсулони ташкилоти терористӣ экстремистӣ ҳизби наҳзат боз ба сари мардуми тоҷик нооромиҳоро мехоҳанд ташкил кунанд. Пайваста тавассути маводи иғвоангезона бар сари миллати тоҷик борони туҳматҳо мерезанд, баҳсу мунозираҳо карда, баромадҳои бемаврид ва бемазмун менамоянд.

Изҳороти ташкилоти ҷамъиятии фарҳангӣ - маърифатии ӯзбекзабонҳои вилояти Хатлон

  Дирӯз Нуриддин Ризои-узви фаъоли ташкилоти экстремистии “Гуруҳи 24” дар ҷаласаи САҲА суханронӣ намуда, бидуни асос ва далел дар бораи фишороварӣ ва зӯроварӣ ба ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла ба ӯзбекзабонҳо таваққуф намуд. Иддаоҳои Н. Ризои аз иғвою туҳмат беш набуда, ҳадафи ӯ танҳо як чиз аст: бадном ва беобрӯ намудани Тоҷикистон ва рахна андохтан ба дӯстии мардуми тоҷику ӯзбек.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.