September 2018

Сулаймон  Зиёзода:   Имкониятҳо  барои рушди кишоварзӣ зиёданд

 Имрӯз дар шаҳри Бохтар муовини аввали раиси вилояти Хатлон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ бо роҳбари Барномаи USAID «Рақобати Агробизнес дар Тоҷикистон»  Френк Обреин, муовини барномаи мазкур Нозим Нарзулозода ва директори ташкилоти Winrock International Дианн Мангрю   вохӯрд. Зиёзода С.Р дар  рафти суҳбат қайд кард, ки имкониятҳои Хатлон барои рушди кишоварзӣ васеъ буда дар ин самт корҳои назаррас анҷом дода шудаанд  ва  истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ  мавқеи хосае  дорад.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ вохӯри доир намуд

  20 сентябри соли ҷорӣ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода Раиси вилояти Хатлон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ вохӯри  доир намуд. Зимни вохӯри раиси вилоят зикр намуд, ки вилояти Хатлон вилояти аграри ба ҳисоб рафта истеҳсолкунандаи асосии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Айни ҳол дар самти тараққиёти иҷтимои-иқтисодии вилоят якчанд лоиҳаҳо фаъоланд.

ФАРХОРИҲО ДАР МАЪРАКИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА НАМУНАИ ИБРАТАНД

Пахтакорӣ яке аз соҳаҳои сердаромаду асосии деҳқонони фархорӣ маҳсуб меёбад. Ба ҳамин хотир дар ноҳияи мазкур пайваста майдонҳои кишти пахтазор дар ҳоли афзоиш қарор дорад.Чунончӣ онҳо дар соли хоҷагии гузашта дар майдони 9161 гектар кишт гузаронида буданд ва акнун ин рақам  9600 гектаро ташкил мекунад. Ва мебинем, ки дар миёни 5 ноҳияи пахтакори минтақаи Кӯлоб, нишондоди мазкур аз ҳама беш аст ва дар баробари ин онҳо дар сафи пеши маъракаи ҳосилғундорӣ қарор доранд.

ШУЪЛАИ ДУРАХШОНИ ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ҲЕЧ ГОҲ ХОМӮШ НАХОҲАНД ГАШТ

 Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия” (шаҳрӣ ва минтақавӣ) бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ мулоқот доир гардид.

АВҶИ МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА

Дар навоҳии пахтакори минтақаи Кӯлоб маракаи ҷамъоварии ҳосили пахта суръату авҷи тоза мегирад. Вобаста ба маълумоти фаврӣ ноҳияҳои пахтакор то 20-уми сентябр дар ҳаҷми 16242 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ин нишондод баробари 27 фоизи нақшаи дурнаморо ташкил мекунад. Дар маъракаи ҷамъоварии ҳосил пахтакорони ноҳияҳои Фархору Данғара ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ намунаи ибратанд.

Эълон

Ба диққати вакилони Маҷлиси

вакилони халқи вилояти Хатлон

Аввалин маркази забономӯзӣ дар шаҳри Левакант ба фаъолият пардохт

 Рӯзи 20 сентябр дар шаҳри Левакант Маркази таълимӣ ва омӯзиши забони англисӣ СВОРДЕ – ТЕППА ба кор оғоз намуд, ки дар маросими расман ба фаъолият пардохтани он раиси шаҳри Левакант Самизода Санавбар, сафири шоҳигарии Британияи Кабир  Ҳю Стенли Филпотт ва таъсисдиҳандагони ин марказ иштирок намуданд.

ҚАБУЛИ САФИРИ БРИТАНИЯИ КАБИР ДАР ШАҲРИ БОХТАР

 Дар муассисаи санъати бачагонаи шаҳри Бохтар муовини раиси шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода ва дигар масъулон сафири давлати Британияи Кабир дар Тоҷикистонро қабул намуданд. Ба ин муносибат намоиши ҳунарҳои мардумӣ, рассомӣ, китобҳои дарсӣ пешкаш гардида буд.

Дар Кӯлоб муҷассамаи устод Рӯдакӣ дубора қомат афрохт

 Бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ  дар назди бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб муҷассамаи сардафтари адабиёти форсу тоҷик, шоири забардаст, султони шоирон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки донишгоҳи мазкур ба исми ин абармарди дунёи шеър гузошта шудааст, қомат афрохт.

«ХАТЛОН» БОЗИАШРО БУРД

  Дар бозии даври 16-уми Чемпионати мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бар «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо нишондоди 1:0 ғалаба карда, се имтиёз ба даст овард. Голи ягонаро дар ин дидор Умарҷон Шарифов дар дақиқаи 69-ум ба дарвозаи ҳариф зад.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.