September 2018

Аввалин маркази забономӯзӣ дар шаҳри Левакант ба фаъолият пардохт

 Рӯзи 20 сентябр дар шаҳри Левакант Маркази таълимӣ ва омӯзиши забони англисӣ СВОРДЕ – ТЕППА ба кор оғоз намуд, ки дар маросими расман ба фаъолият пардохтани он раиси шаҳри Левакант Самизода Санавбар, сафири шоҳигарии Британияи Кабир  Ҳю Стенли Филпотт ва таъсисдиҳандагони ин марказ иштирок намуданд.

ҚАБУЛИ САФИРИ БРИТАНИЯИ КАБИР ДАР ШАҲРИ БОХТАР

 Дар муассисаи санъати бачагонаи шаҳри Бохтар муовини раиси шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода ва дигар масъулон сафири давлати Британияи Кабир дар Тоҷикистонро қабул намуданд. Ба ин муносибат намоиши ҳунарҳои мардумӣ, рассомӣ, китобҳои дарсӣ пешкаш гардида буд.

Дар Кӯлоб муҷассамаи устод Рӯдакӣ дубора қомат афрохт

 Бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ  дар назди бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб муҷассамаи сардафтари адабиёти форсу тоҷик, шоири забардаст, султони шоирон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки донишгоҳи мазкур ба исми ин абармарди дунёи шеър гузошта шудааст, қомат афрохт.

«ХАТЛОН» БОЗИАШРО БУРД

  Дар бозии даври 16-уми Чемпионати мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бар «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо нишондоди 1:0 ғалаба карда, се имтиёз ба даст овард. Голи ягонаро дар ин дидор Умарҷон Шарифов дар дақиқаи 69-ум ба дарвозаи ҳариф зад.

Данғара: Азми бунёди 190 иншоот дар се сол

  Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бунёди 190 иншоот дар назар дошта шудааст.

«НАЦИОНАЛЬНЫЙ АЛЬЯНС» ТАК НАЗЫВАЕМОЙ ТАДЖИКСКОЙ ОППОЗИЦИИ СОЗДАН ДЛЯ ВОЙНЫ. Так считает политолог, доктор философских наук Рустам Хайдаров

Прочитав информацию о создании названной коалиции, я пришёл к мысли, что опять нахожусь в начале 90-х годов, когда небольшая группа таджикских интеллектуалов с утопическими идеями объединилась с радикальными националистами и с незарегистрированной партией исламского возрождения. Тогда они создали «Коалицию демократических сил».

БА ФАСЛИ САРМО ОМОДА БОШЕМ

  Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии ситоди омодагӣ ба фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 доир гардид.

«БАРОИ ПЕШРАФТИ СОҲАҲОИ ХАЛҚ АЗ ИМКОНИЯТҲОИ МАВҶУДА ИСТИФОДА БОЯД БУРД»

  Ҳафтаи сипаригардида дар маҷлисгоҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷамъомад доир гардид. Дар ҷаласаи назди раиси вилоят муовини аввал, муовинони раиси вилоят, дастгоҳ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъба, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо ширкат доштанд.

Занталоқи Кабирӣ ва паёмадҳои он ба мардуми Аврупо ва Осиё (Видео)

10 сентябри моҳи равон дар шаҳри Варшава нишасти САҲА оғоз гардид,ки дар он Абдураҳим Каримов, мутахаллис бо “Мулло Абдураҳим”, собиқ муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ҳузур дошт. Дар зер мусоҳибаи хабарнигори “Тоҷикистон”-ро бо ӯ мутолиа намоед

 

— Шумо дирӯз аз сафари Варшава баргаштед.Бигӯед,ки ҳадаф азин сафар чӣ буд?

Вокуниш ба суханронии Нуриддин Ризоӣ дар нишасти САҲА

Чунон ки маълум аст, ҳар нафаре, ки бо пули ҳаром фарзанд бавоя мерасонад, ҳатман фарзанди касоф ва хоини миллат мешавад. Биоед як бор ба ҳаёти шахсии Муҳаммадсаид Ризоӣ ва хонаводаи ӯ назар намоем. Муҳаммадсаид Ризоӣ аъзои фаъоли созмони террористии наҳзат буда, фарзанди ӯ Нуриддин Ризоӣ аъзои ташкилоти террористии “Гуруҳи 24” ва фарзанди дигари ӯ Ғаниев Сироҷиддин (Ризоӣ) то ҳол дар кадом ташкилот воридшуданашро қарор қабул накардааст.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.