Август 2018

БОХТАР. НАМОИШ-ФУРӮШИ ЛИБОСҲОИ МАКТАБӢ ВА ЛАВОЗИМОТИ ХОНАНДАГОН

 Дар саҳни «Кохи Ватан»-и шаҳри Бохтар тайи ду рӯз 16-17 август намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ва ҷиҳоз барои таҳсили толибилмон баргузор гардид. Дар намоиш-фурӯши мазкур 5 корхонаи дӯзандагии шаҳр сару либоси мактабӣ ва лавозимот барои хонишро пешкаш намуданд.

Баромади раиси ноҳияи Кӯшониён дар мулоқот бо ҷавонони ноҳия

 Рӯзи 15 августи соли ҷори мулоқоти мо дар даврае мегузарад, ки мардуми кишварамон, дар зери таассуроти амиқи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои қабул намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кору зиндагӣ ва барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҷидду ҷаҳд ва талош доранд.

ВОХӮРИИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАХШ БО ИМОМХАТИБОН

 Дар арафаи иди саиди Қурбон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и Ҷамоати шаҳраки Вахш вохӯрии раиси  ноҳия Шарбатулло Азизулло бо имомхатибони масчидҳо доир шуд. Дар ин мулоқот кормандони ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон ва имомхатибон ширкат доштанд.

«  Д о и р а » омодаи  хидмати  мардум  аст 

 Иззатулло Шарифов доиранавози боистеъдод аст. Ӯ ин ҳунари мардумиро дар муҳити фарҳангии хонадон омӯхтаву ӯро дар саҳнаи ҳунар эътирофманд гардонд. Иззатулло Шарифов узви филармонияи халқии ноҳияи Восеъ аст ва ҳамзамон дар гурӯҳҳои эљодии ҳофизони номдори кишвар низ ҳамрайи менамояд. Ӯ он қадар ба доира дилбастагии қавӣ дорад, ки тамоми нозукиҳои ин асбоби мусиқии миллиро аз худ кардаву ҳунари пусткашии доираро низ аз бар намуд.

Боз як намоишномаи нав рӯи саҳна меояд

 Имрӯзҳо ҳайати эҷодии театри вилоятии  мусиқӣ мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов-и шаҳри Бохтар болои намоишномаи «Қиёмат» аз рӯи асари Чингиз Айматов  дар коргардонии Парвиз Раҷабов ба саҳна оварда истодаанд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Китобхони беҳтарин оғоз гардид

 Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокию маълумотнокии ҷавонону наврасон, рушди соҳаи китобдорӣ, ҷалби оммаи мардум ба китобу китобхона ва тарғиби тарзи ҳаёти солим озмуни ҷумҳуриявии «Китобхони беҳтарин»-ро баргузор менамояд.

Ҳамадонӣ. Иншоотҳои ҷашнӣ ба истифода дода мешаванд

 Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декабри соли 2017 “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ амалҳои бунёдкоронаю созандаро вусъат бахшида истодаанд.

Кӯлоб. Озмунҳои «Кохи маърифат» ва «Даргоҳи ҳунар»

 Дар ҷамъасти озмунҳои вилоятии муассисаҳои клубу китобхонаҳои деҳотӣ, ки таҳти унвонҳои «Кохи маърифат» ва «Даргоҳи ҳунар», ки дар асоси нақша-чорабиниҳои Барномаи рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2016-2020 ва бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доир гардиданд, кормандони клубу китобхонаҳои муассисаҳои фарҳанги минтақаи Кӯлоб ширкат варзида, сазовори 15 ҷойи ифтихорӣ ва туҳфаҳои х

СӮХТОР ДАР БОЗОРИ “САХОВАТ”- ШАҲРИ КӮЛОБ

 Шаби 14-ум ба 15-уми август дар дуконҳои яклухтфурӯшии хӯрокаи бозори марказии “Саховат”-и шаҳри Кӯлоб ҳодисаи сӯхтор сар зад.Сӯхторхомӯшкунандагони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ сари вақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, сӯхторро дар давоми 40 дақиқа хомӯш намуданд.Ба қавли масъулони сӯхторхомӯшкунии минтақаи Кӯлоб сӯхтор 60 метри муррабаро фаро гирифта, ба соҳибони дуконҳо ба қадри 17 ҳазор сомонӣ зарари молӣ расонидааст.Инчунин дар хулосаи мутахассисони соҳа гуфта мешавад, ки ин сӯхтор

ТАРҒИБИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМИ ОМИЛИ ИНКИШОФИ ҲИССИ ХУДШИНОСИ

 Баҳри муаррифи ба  ҷомеа, хусусан насли наврасу ҷавон,  тарғиб намудани  анъанаҳои    миллӣ яке аз ҳадафҳои ҳамешагии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб маҳсуб меёбад.

 Дар ин росто дар деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Кӯлоб бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.