Август 2018

Семинар машварати муфид баҳри китобдорон

 Аз ҷониби масъулини китобхонаи омавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддини Шоҳин дар ҳамбастагӣ бо шахсони масъули китобхонаи марказии ноҳияи Шаҳритуз дар ҷамоати деҳоти Худойназар Холматов-и ноҳияи мазкур семинар-машварати муфид  оид ба оммавӣ  гардонидани хониш миёни наврасону ҷавонон, пуррагардонии  хазинаи китобхонаҳо, зиракиву ҳушёрии фарҳангӣ ва  дастрас  намудани китоб ба хонандагон миёни китобдорону сокинони ҷамоату деҳоти ноҳия гузаронида шуд.

Илова ба филми -БОЗГАШТ АЗ ҶАҲАННАМ

Чанд рӯз пеш тариқи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ филми мустанади «Бозгашт аз ҷаҳаннам» намоиш дода шуд. Дар филми мазкур яке аз собиқ таъсисгарони ТТЭ ҲНИ Сатторов Аёмиддин асрори зиёдеро оид ба бевосита даст доштани ин ташкилоти террористӣ дар оғоз намудани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар,

тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ ва ҷиноятҳои мудҳиш бар зидди миллати тоҷик ва давлатдории миллӣ, алоқамандии ин ҳизби террористиро бо хадамоти махсуси кишвари муайн ва зери идора, назорату раҳнамоии онҳо амалӣ шудани ин нақшаҳои зиддитоҷикона, фош сохт.

Ҳамоиши ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Кӯшониён

 Ба хотири эҳё намудани ҳунарҳои қадимаи миллати тоҷик ва арҷ гузоштан ба фарҳанги ниёгон бо иқдоми наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззамамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кард, дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо иштироки васеи занону духтарони ҳунарманди ноҳияи Кӯшониён намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дастгирии маъюбон дар арафаи иди шарифи Қурбон

 Cол сол сиёсати давлат вобаста ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ натиҷаҳои назаррас дода истодаанд. Дар арафаи иду ҷашнвораҳои бузург шод намудани дили маъюбону камбизоатон ва шахсони ниёзманд ба ҳукми анъана даромадааст.

Табрикоти Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон

  Соҳаи тандурустии кишвар сол аз сол руш карда сифати хизматрасонии тиббӣ беҳтар гардида истодааст. Бо тшабаусу дастгирии Асоссгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо беморхонаю муассисаҳои соҳаи тандурусти сохташуда шуданд ва иқдом идома дорад.

Корҳои фаҳмондадиҳи бо оилаҳо аз рӯи усули «Хона ба хона»

 Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон рӯзҳои 14 то 17 августи соли 2018 дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Фархор, Восеъ ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳии инфиродӣ бо оилаҳо аз рӯи усули «Хона ба хона» гурӯҳи корӣ аз ҳисоби фаъолзанони шаҳру ноҳияҳои болозикр таъсис дода, дар шаҳри Кӯлоб дар Ҷамоатҳои деҳоти «Зиракӣ», «Зарбдор», «Кӯлоб», «Даҳана» дар 460 хона, дар ноҳияи Фархор дар деҳаҳои «Бунавша» ва «Бӯстон»-и Ҷамоати деҳоти «Дарқад» дар 340 хо

Нест  бод терроризм!

 Клуби волонтёрони назди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо мақсади фаҳмонидани хатари терроризм миёни аҳолии ноҳияи Вахш бо усули деҳа ба деҳа ва хона ба хона аксияи иттилоотӣ, ташкил намуда ва  корҳои фаҳмондадиҳӣ  гузарониданд. Маводҳои иттлоотии тақсим карда шуда миёни мардум, ки 500 насхаро ташкил мекард, аз манфиат холи набуд.

Пешгирӣ  беҳтар  аз  табобатаст

  Бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар ноҳияи Вахш давоми ҳафта аксия таҳти унвони «Пешгири бехтар аз табобатаст» доир гашт. Аъзоёни Клуби волонтёрони назди Раёсат дар ин чорабинӣ иштироки фаъол дошта, миёни аҳолии ноҳия беш аз 500 адад маводи иттилоотӣ тақсим намуданд.

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Истиқлолият рамзи озодии миллат»

 Рӯзи 14.08.2018 дар осиси нақша чорабиниҳои осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» дар толори маҷлисгоҳи ошиёнаи дуюми осорхона бо иштироки як гурӯҳ тамошобинон ва кормандони осорхона бахшида ба таҷлили 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Истиқлолият рамзи озодии миллат» баргузор гардид.

Левакант. Омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолият

 Дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти «Гулистон» вохӯрии раиси шаҳр бо сокинон ва соҳибкорони маҳалии ин Ҷамоат доир гардид.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.