Август 2018

Афзоиши ҳосили картошка ва мева

 Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар ҳафт моҳи гузашта хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон аз майдони 6623 гектар 109991 тонна картошка ҷамъоварӣ кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37611 тонна зиёд мебошад.

ҶАЗО БАРОИ ТЕРРОРИЗМ САХТТАР ШУД

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи тағйиру иловаҳоро ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки ҷазоро барои бо истифода аз интернет ба амал овардани даъвати оммавӣ ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ пирӯз мекунад, 

ВОХӮРИИ СУДМАНД: Бо ҷавонони ноҳияи Вахш баргузор гардид

 Вахш. Дар ин мулоқот кормандони хифзи хуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони ноҳия, аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷавонони фаъол ширкат варзиданд. Раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло дар назди ҳозирин баромад карда, аз он ҷумла қайд намуданд, ки «Ҳадаф аз баргузории вохӯриҳо дар он аст, ки мо аҳли ҷамоачигӣ аз як гиребон сар бароварда, даст ба дасти ҳам диҳем ва ҷавононро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоем.

Намоиши китобӣ таҳти унвони «Китоб тарбиятгари башар аст»

 Санаи 9-август дар толори пазироии Кохи Ватан-и шаҳри Бохтар ҷаъмбасти озмуни вилоятии китобхонаҳои деҳоти таҳти унвони «Кохи маърифат» баргузор карда шуд. Китобдорони шӯъбаи намоиши китобҳо бахшида ба ин чорабини ба иштирокдорон намоиши китобӣ таҳти унвони «Китоб тарбиятгари башар аст»-ро ташкил ва пешниҳод гардониданд.

Мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми раиси ноҳияи Шаҳритуз»

 Рӯзи 6 августи соли ҷорӣ дар майдончаи варзишии нав ба истифода додашудаи боғи фарҳангию фароғатии ноҳия раиси ноҳия Р. Оймаҳмадзода баромад карда, аҳли ҷомеа ва бахусус иштирокчиёни мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурдро самимона табрику таҳният гуфта, барои ба даст овардани «Ҷоми раиси ноҳияи Шаҳритуз» ба ҳамаашон барору комёбӣ орзу кард.

САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ КИШВАР БА ШАҲРИ КӮЛОБ

 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода 8-уми август дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Кӯлоб дар толори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки аъзоёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи  васеи фаъолони шаҳр, оиди вазъи имрӯзаи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии  шаҳру деҳоти Кӯлоб, ҷаласаи корӣ баргузор намуд.

Вохӯрии судманд бо 350 нафар сокинони ноҳияи Кӯшониён

 Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон рӯзи 7 августи соли ҷори  дар деҳаи Хурсандии Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониёш бо 350 нафар сокинону бошандагони ин ҷамоат суҳбату вохӯриҳои судмандро анҷом доданд.

Соҳаи кишоварзии ноҳияи Темурмалик рушд ёфта истодааст

 Дар ҷавоби Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳматкашони ноҳия дар ҳамаи бахшҳои соҳа нишондиҳандаҳои баландӣ истеҳсолӣ ба даст оварданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 85123.1 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 3424.4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Қӯлоб: Рушд бахшидани соҳаи соҳибкорӣ

 Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб семинари омӯзишӣ барои соҳибкорон дар доираи лоиҳаи мини- грантҳои Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ бо доираи васеъи соҳибкорони шаҳру минтақаи Кӯлоб баргузор гардид.

Варзишгарони ноҳияи Ҳамадонӣ соҳиби 18 медал гардиданд

 Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд аз 29.07.2018 то 02.08.2018 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шашка-64 байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон гузаронида шуд.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.