Август 2018
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба шуъбаи нусхаҳои ҳатмии Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин китоби Мавлоно Абдураҳмони Ҷоми таҳти унвони «Муҳаббат махзани», ки бо иқдоми наҷибонаи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки давоми соли равон дар шаҳри Тошкент бо забони ӯзбеки дар ҳаҷми 888-саҳифа бо сифати баланд руй чоп омадааст туҳфа гардид.
Мунтазам ва дар сатҳи намунавӣ ба намоиш гузоштани маҳсулотҳои дасти ҳунармандон, яке аз чорабиниҳои доимии масъулони ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҳисоб меравад.
Ҷиҳати мустаҳкамсозии пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чораю тадбирҳои зиёде андешида мешавад. Айни ҳол сохтмони бинои муассисаи таълимии рақами 43-и деҳаи Ҳуснободи ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, 10 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 30-и деҳаи Меҳвари ҷамоати деҳоти Чубек ва 6 синфхонаи иловагӣ дар назди бинои гимназияи давлатӣ идома дорад.
Дар муозинаи хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб 237091 гектар замини фонди давлатӣ мавҷуд мебошад, ки баҳри ҳифзу сарсабз нигаҳдории он 323 нафар коргарон вобаста карда шудааст. Дар давоми соли сипарӣ ва ҷорӣ дар майдони 875 гектар ҷангалҳои нав бунёд гардида, 350 гектар ҷангалҳои кӯҳна аз нав барқарор карда шуданд.Ҷангалҳои бунёдгардидаро дарахтони чормағз, писта, бодом, хуч, анор, шулаш ва акатсия ташкил менамояд, ки айни замон нашъунамои хуб доранд.
Рӯзи 25.08.2018 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокомитяи давлатии ноҳияи Темурмалик бо иштироки раиси ноҳия Аслзода Эмомддин ва аъзоёни Ситоди ноҳиявӣ оид ба ҳамоҳангсозии корҳо ҷиҳати фаъолияти мунтазами соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 ҷаласа гузаронида шуд.
Рӯзи 24.08.2018 дар Ҷамоати шаҳраки Москва вохӯрии гурӯҳи кории тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон, муҳтарама Хидирзода М.У бо намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолии ноҳия баргузор гардид.
Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Хатлон бо сокинони ноҳия ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ вобаста ба пешгирӣ аз сироятёбӣ ба вируси норасоии масунияти одам вохӯрӣ доир намуд.
Бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 29-уми июли соли 2018 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи «Юнифайт», чемпионати ҷумҳуриявӣ бо иштироки варзишгарони аз синни 14 то 17-сола баргузор гардид. Варзишгарон аз вилоятҳои Хатлон, Суғд ва инчунин ноҳияҳои тобеи марказ иштирок доштанд.
Бо ташаббуси маркази захиравии занон ва ташкилоти ҷамъиятии «Наҷоти кӯдакон» ва иштироки намояндагони Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлаии шаҳри Кӯлоб, Шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб, намояндагони соҳаи тандурустӣ, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ, коллеҷҳои омӯзгорӣ, тиббӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар шаҳри Кӯлоб санаи 25 вгусти соли ҷорӣ мизи мудаввар
Дар толори маҷлисгоҳи Беморхонаи клиникӣ ба номи Б.Воҳидов Асосиатсияи акушер-гинекологҳои вилояти Хатлон доир гардид, ки дар кори он дар мавзӯи: Ҳолатҳои табобат ва наздикгири тартиби табобати хангоми норасои плацентари дар занҳо аз шаҳру ноҳияҳои вилоятӣ Хатлон акушер-гинекологхо, директорони марказҳои саломати деҳотӣ ва мудирони шӯъбаҳои таваллудӣ иштирок намуда, баромадҳои судманд намуданд.
Pages
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.