Июл 2018

СЕМИНАР-МАШВАРАТ ДАР МАҲАЛЛАҲОИ ШАҲРИ БОХТАР

 Дар муассисаи таълимии №3-и шаҳри Бохтар семинар-машварат бо иштироки бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, мутахассисони Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВИЧ/СПИД дар вилояти Хатлон, намояндагони ташкилоти ҷамъиятии «Дилафрӯз», маъмурият ва кормандони муассисаи мазкур, истиқоматкунандагони маҳаллаи «Ургут»-и шаҳр баргузор гардид.

Кӯлоб. Мусобиқаи тирпарронӣ

 Бо мақсади рушду оммавияти варзиш ва бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Боғи марказии шаҳри Кӯлоб санаи 4-уми июли соли равон мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди “Тирпарронӣ” дар байни ҷавонони шаҳри Кӯлоб, баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур, беш аз 4 даста дар ҳайати 20 нафар варзишгарони шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.

Ташрифи хонандагони мактаб интернати ноҳияи Вахш ба Китобхона

Санаи 5 июл соли 2018 сол дар толори  бачагонаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Ш. Шоҳин 28 нафар хонандагон аз истироҳатгоҳи наврасони Шифобавхши ноҳияи Вахш  ба китобхона ташриф оварданд, Гулнора Ҷалилова роҳбалади намуд, ки  Китобдорон аз ташрифи хонандагони  наврас хуш истиқбол намуда ҷиҳати қадру манзалати китобу китобхон ва омавигардонии хониш суҳбатҳои шавқовар баргузор намуданд.

Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ дар осоишгоҳи «Зумрад»-и шаҳри Исфара

 Барои сазовор таҷлил намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои -Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 июни соли равон дар осоишгоҳи «Зумрад»-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид.

Левакант. Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр машварати аъзои гурӯҳи кории роҳбарикунанда оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раисони маҳаллаҳо доир гардид.

Кӯлоб. Таъмини хонандагон бо либосҳои мактабӣ

 Таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр ҷиҳати иҷрои саривақтии супориши протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.01.2018, №1 доир ба таъмини пурраи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна бо либоси мактабӣ бо иштироки директорони муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб машварати корӣ доир карда шуд.

ВОХӮРИИ ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

 Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Датсгоҳи раиси шаҳри Бохтар Музаффар Ғафуров ва намояндаи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймуҳаммади Нуралӣ дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагӣ ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанде аз маҳаллаҳои шаҳри Бохтар вохӯриҳо баргузор намуд

Мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо намояндагони «ОКСФАМ»

  28-июни соли 2018. Раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Д.Қ ҳайати намояндагони Ташкилоти байналмилали «ОКСФАМ»-и Британияи кабир дар Тоҷикистон зери роҳбарии директори «ОКСФАМ» дар Тоҷикистон Шавқат Ализода дар ҳузури худ пазируфт.

Пешгирии нашъамандӣ кори дастаҷамъист

 Дар литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар чорабинӣ дар мавзӯи “Пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба нашъамандӣ ва ВНМО” баргузор гардид.

ТАШРИФИ ҲУНАРМАНДОН АЗ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БА ШАҲРИ БОХТАР

 Гуруҳи ҳунармандони театри давлатии мусиқии ба номи Муқимии шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.