Июл 2018

ОЗМУН ТАҲТИ УНВОНИ «ҲАМНИШИНЕ  БЕҲТАР АЗ КИТОБ МАХОҲ»

  Дар Китобхонаи вилоятии ба номи Айнии шаҳри Кӯлоб дар доираи тадбиқи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2016-2020» ва бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, бедор намудани майлу рағбат ба кори эҷодӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстию зебоипарастӣ  даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии  «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» баргузор гардид.

Чорабини бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

 Бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабиниҳо дар ноҳияи Муъминобод дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи муовини соҳавӣ аз тарафи намояндагони Бахши кор бо занон ва оила, ҲХДТ дар ноҳия дар кӯчаҳои ба номи Темуршоҳ Раҳим, Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсии Ҷамоати шаҳраки Муъминобод бо иштироки 520 нафар таҳти унвони «Ҳунарҳои беҳтарин», дар ноҳияи Фархор дар маҳаллаҳои 2, 3, 4-и Ҷамоати шаҳраки Фархор бо иштироки 480 нафар, дар ноҳияи Панҷ дар маҳаллаҳои ба номи Олиямоҳ Ҳайдарова в

Вохӯриҳои мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои зерин бо аҳли ҷамоатчигӣ

  Дар ноҳияи Хуросон деҳаи Меҳнати Ҷамоати деҳоти «Ѓаллаобод» бо 100 оила, ноҳияи Ёвон дар деҳаҳои Навобод, Шота Руставилӣ, Фирдавсӣ, Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти «Ситораи Сурх» бо 130 оила, ноҳияи Панҷ бо 35 оилаи Ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат, ноҳияи Дӯстӣ кӯчаҳои ба номи Рӯдакӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Ҳофиз Шерозии Ҷамоати деҳоти «Ҷиликӯл» бо 280 нафар, деҳаҳои Гулистон ва Тоҷикободи Ҷамоати деҳоти ба номи «Гарди Гулмуродов» бо 130 нафар, ноҳияи Шаҳритуз деҳаҳои Ваҳдат, Султонобод, Пахтаобод

Дар Кӯшониён ба ҳунари занони чевар ва самараи баланди меҳнати ҷавонони кишоварз баҳои баланд доданд

 Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия бо сокинон вохӯрӣ баргузор намуда, аҳли ҷомеаро ба созандагиву бунёдкорӣ ва ҳифзи фарҳангу асолати миллӣ даъват мекунанд.

Ҷамъбасти 6-моҳаи Раёсати тандурустии вилоят доир гардид

  Дар толори Беморхонаи клиникӣ ба номи Б.Воҳидов бо иштироки муовини Вазири тандурустӣ ва ҷифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Азиз Абдусаттор, сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон Сафаров Ш.А  мушовараи ҷамъбасти 6-моҳаи Раёсати тандурустии вилоят доир гардид, ки дар кори он менеҷерони сохтори госпиталӣ, менеҷерони кӯмаки аввалияи тиббию санитари ва роҳбарони Марказҳои вилоятӣ, Хадамотҳои тандурустӣ, Марказҳои назорати

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ноҳияи Ҳамадони

 Тибқи маълумоти шуъбаи Агентии меҳнат ва Шуғли аҳолии ноҳия бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори холӣ ба шаҳрвандони бекор ва тақвияти робитаҳои корӣ байни кордиҳандагон ва бекорон дар шаш моҳи соли равон, 7 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд, ки 58 нафар шаҳрвандон ба ҷойи кор таъмин гардиданд.

Левакант. Духти сару либоси мактабӣ

  Коргоҳи дӯзандагии назди ҶДММ «Субҳи Сарбанд», сехҳои дӯзандагии «Мадина», «Мунис», «Ҳалима» ва маркази адрасбофии «Шоҳзамон»-и шаҳр бо муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати дӯхти сару либосҳои мактабӣ мувофиқи нақша 6637 адад шартнома баста, либосҳои мактабиро дар ҳудуди шаҳр дӯхта истодаанд.

Кӯлоб. Вохӯри бо раисони кумитаҳои маҳал

 Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамоҳ Маҷидова, шуъбаи кор бо занон ва оила ва раисони кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб ҷамъомад доир гардид.

Таввалуди кӯдаки 8 килограма дар шаҳри Кӯлоб

 Тибқи маълумоти сардухтури таввалудхонаи шаҳри Кӯлоб Гадоева Ҳалима дар таввалудхонаи

Тадбирҳо барои истироҳати кӯдакон

  Левакант. Бо ташаббуси Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант барои истироҳати бофароғати кӯдакон дар таътили тобистона чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ доир мегардад.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.