Июл 2018

ОМОДАГИҲО БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Вахш. Бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо, гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, аз Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дидан карда, бо аҳолӣ мулоқотҳои судманд доир карданд.

БОХТАР. ТАШКИЛОТИ БЕҲТАРИН МУАЙЯН МЕГАРДАД

 Бо мақсади муайян намудани ташкилоту муассиса ва корхонаи беҳтарин гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо роҳтарии муовини раиси шаҳр Абдуназарзода Шоиста ва роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар Меҳмондустзода Ҷумъахон ташкилоту муассиса, корхонаҳоро аз назар гузаронида истодаанд.

ОЗМУНИ «МАҲСУЛОТ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ БЕҲТАРИН»

 21 июли соли ҷорӣ дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин» бо иштироки муовини раиси вилоят Зоҳирзода У, раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода А. ва меҳмонони олиқадр баргузор гардид.

Озмуни "Бонуи Ҳунарманд" дар Хатлон

  Бахшида ба эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмуни  «Бонуи Ҳунарманд» дар  шаҳрҳои Левакант, Бохтар, ноҳияҳои  Кӯшониён, Вахш, Хуросон, А. Ҷомӣ, Ҷ. Балхӣ, Дусти, Ҷайҳун, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Н. Хусрав, Ёвон, Норак, Данғара, Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ ва Балҷувон  баргузор гардида,  дар давоми ҳафта дар ноҳияҳои Ховалинг, Муъминобод, Ш. Шоҳин, Кӯлоб ва Темурмалик баргузор гардид.

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

 Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба истиқболи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонон ва дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо байни деҳаҳои ҳудуди ноҳия мусобиқаи футбол баргузор карда шуд. Дар ин мусобиқа наздики 20 даста дар чор гуруҳ бо ҳам сабқат намуда, беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Омодагӣ ба 30 –солагии Истиқлолият: НАЗОРАТИ ГУРӮҲИ КОРӢ

 Гурӯҳи корӣ бахшида ба омодагӣ ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, муовини раиси вилояти Хатлон ва раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим ва дигар аъзоёни гурӯҳ аз иншоотҳои омодашаванда бахшида ба 30 –солагии истиқлолият дидан карданд.

ДАР МИНТАҚИ КӮЛОБ ҚАРЗҲОИ ҲАҚҚИ ОБ ДАР ҲОЛИ БОЛОРАВИСТ

 Иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Кӯлоб дар давоми шаш моҳи соли равон, ба истифодабарандагони оби полезии 62191 гектар замин шартнома ба имзо расонидааст, ки ин нишондод баробари 100 фоизи нақшаи дурнаморо ташкил мекунад. Айни ҳол ба истифодабарандагони об ба миқдори 3069148 сомонӣ хизмат расонида шудааст.

ҚАНОАТМАНДӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ «ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ КӮЛОБ»

 Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб», бо иштироки васеи хабарнигорони минтақа, нишасти матбуотӣ баргузор гардид.Дар нишаст директории генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб» Алӣ  Комилов арз намуд, ки кормандони фурудгоҳ дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба 32465 нафар мусофирон хизмат расонидаанд.

АРЗУ ДАРХОСТИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ ШАМСИДДДИН ШОҲИН БА РАИСИ ВИЛОЯТ

 Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипарӣ раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода,  дар доираи рӯзҳои қабули сайёри шаҳрвандон, ба ноҳияи баландкӯҳи  Шамсиддин Шоҳин омада, дар толори мактаби тозасохти рақами 1 гурӯҳи шаҳрвандони арзу дархостдоштаи  онро ба ҳузӯр пазируфт.

Вусъат бахшидани корҳои ободонӣ дар шаҳри Кӯлоб

 Вобаста ба гармии ҳаво дар моҳи июл барои пешгирии хушкшавии ниҳолу дарахтон, гулу гулбуттаҳо дар шаҳр нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, муовинони раиси шаҳр, сардорони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо барои обмонӣ ва нигоҳубини дарахтону гулҳо дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр вобаста гардиданд.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.