Июл 2018

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар вилоят

 Тибқи маълумотҳои соҳа дар вилояти Хатлон дар ин давра 12963 ҷойҳои нави корӣ аз ҷумла, 3078 ҷой аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва 9885 ҷой аз ҳисоби шахсонӣ воқеӣ таъсис дода шуд.

Натиҷагири аз кори шаш моҳаи аҳли фарҳанги  Хатлон

 Дар толори «Кохи Ватан»-и шаҳри Бохтар натиҷаи кории аҳли фарҳанги вилояти Хатлон, ки дар зарфи 6 моҳи аввали соли равон ба вуқуҳ пайваста буд,  мавриди барасӣ  роҳбарияти Раёсат   қарор гирифт.   Дар он мудирони бахшҳои фарҳанг, осорхона, китобхона ва ҳамчунин масъулони боғҳои фарҳангию истироҳатии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон иштирок доштанд.

Кӯлоб. Машварати ҷамъбасти нимсола

 Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки раи

ГУШТИНИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

 Дар шаҳри Бохтар пайваста мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор мегардад. Ин навбат мусобиқа варзишии гуштини миллӣ дар толори муассисаи таълимии №12 бо иштироки зиёда аз 100 нафар ҷавонон баргузор карда шуд. Ин ҳама баҳри солимӣ ва ҷалб ба варзиш, дур кардани ҷавонон аз беҳудагардист. Чорабиниҳои варзишӣ дар шаҳри Бохтар идома доранд.

Озмуни ҷумҳуриявии Библиомарафон таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ»-2018, ҷамъбаст гардид.

  Санаи 9-июл дар толори конфронсии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Ш. Шоҳин даври вилоятии  Озмуни ҷумҳуриявии Библиомарафон таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ»-2018, дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бо иштирок ва доварии намояндагони вазорати фарҳанг ва  беҳтарин хонандагони китобхонаҳои вилоят ҷамъбаст гардид.  

Таҳлили рушди тараққиёти иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар шаш моҳи соли 2018

 ЛевакантРӯзи 09.07.2018 сол дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати раиси шаҳри Левакант Самизода С. ҷамъбасти натиҷаҳои рушди тарақиёти иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм баргузор гардид, ки дар он муовини якуми раиси шаҳр Абдулмуминзода А.

Пешгири фурӯши пассифати маҳсулоти озуқаворӣ

Кӯлоб. Маркази таъмини бехатари озуқаворӣ дар шаҳри Кӯлоб барои пешгирии манъбаҳои бемориҳои сироятӣ ва эъмин нигоҳ доштани вазъи эпизоотикии маҳал чораҳои заруриро амалӣ намудааст.

Маҷлиси ҷамъбастии нимсола баргузор гардид

  Кӯшониён: Рӯзи 9 июли соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, таҳти роҳбарии Ҷаббори Ѓаффор раиси ноҳия, маҷлиси ҷамъбасти тарақиёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввал ва вазифаҳо барои 3 моҳаи сеюми соли равон баргузор гардид. Дар кори маҷлис Қосимзода Идигул раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зуҳуров Маҳмасаид мудири шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ширкат варзиданд.

Ҳамоиши ҷавонмардони Кӯлоб

 Рӯзи 08.07.2018 сол  дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамоиши бошӯкӯҳ бо иштироки як зумра ҷавонмардони Кӯлобӣ, ки дар дигар минтақаҳои кишвари азизамон Тоҷикистон кору фаъолият намуда, мақому манзалат ва обрӯву эътибори хосаеро ба худ касб намуда, метавонанд дар ободии як гушаи диёр, Кӯлобшаҳри бостонӣ саҳмгузорӣ намоянд, ба ҳам омаданд.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.