Июл 2018

ШУМОРАИ ШАРТНОМАҲОИ СУҒУРТАВӢ ДАР ҲОЛИ АФЗОИШ АСТ

 Сардори Ширкати суғуртаи давлатӣ дар минтақаи Кӯлоб Абдуғаффор Давлатов дар сӯҳбат арз намуданд, ки дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз тарафи зерсохторҳои ширкат ба миқдори 49735 адад шартномаҳои суғуртавӣ ба ашхоси воқеъӣ ва ҳуқуқӣ баста шудааст, ки аз ин ҳисоб 96,6 фоизи онро намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ ташкил менамояд. Дар ин давра барои зарар ва ҳисороти  амвол, ба  685 нафар шаҳрвандон ба андозаи 316766 сомонӣ  ҳақгузорӣ карда шуд.  

НАҚШИ  ОСОРХОНАҲО ДАР РУШДИ МАЪРИФАТИ ВАТАНДӮСТИЮ ХЕШТАНШИНОСӢ

 Мудири бахши Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Хайрулло Тоҳиров, дар нишасти матбуотии худ дар баробари шарҳу тавзеъ додани дигар самтҳои соҳа, инчунин қайд намуданд, ки  дар шаҳру навоҳии минтақа 13 адад осорхонаҳои давлатӣ, аз ҷумла 4 осорхонаи ҷумҳуриявӣ ва 9 осорхонаи ноҳиявӣ фаъолият мекунад.

Ҳамадонӣ. Маслиҳати муфид ба кишоварзон

 Дар асоси дастуру супориши раиси вилояти Хатлон муҳтарам Гулмаҳмадзода Д. Қ бо мақсади таҳлили соҳаи кишоварзӣ, алалхусус пахтазор, рафти ҷамъоварии маҳсулотҳои кишоварзӣ, захираи хӯроки чорво, ҳолати нигоҳубини боғҳо гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, таҳти роҳбарии сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Сироҷов М.

Гиромидошти хотираи шоир дар китобхона

 Левакнт. Бахшида ба 400 солагии шоир ва суханвари бузурги тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ дар китобхонаи марказии шаҳр намоиши китобӣ ва мизи мудаввар доир гардид. Дар чорабинӣ хонандагони фаъоли китобхона аз зиндагиномаи шоир қисаҳо гуфта, пораҳои назмию насрии ба қалами ӯ тааллуқдоштаро қироат намуданд.

Либоси миллӣ шаъну шарафи духтари точик

 Левакант. Дар асоси накшаи чорабинихои Кумитаии иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант санаи 27-июл дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии ЛКСК шаҳри Левакант бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 таҳти унвони «Либоси миллӣ шаъну шарафи духтари тоҷик» мизи мудаввар баргузор гардид.

Кӯлоб. Баланд бардоштани маърифати экологӣ шаҳрвандон

  Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони шаҳр дар сойи Тебалай ва кӯчаю маҳҳалаҳо аксияи соҳил гузаронида шуд, ки дар ин тадбири экоклогӣ дар баробари тоза кардани сойи Тебалай иштирокчиёни аксия кӯчаю маҳҳаллаҳои аҳолишини шаҳрро аз партовҳо тоза намуданд.

Шумораи нафақагирон 8727 нафар афзудааст

 Шумораи афроди нафақагир дар вилояти Хатлон  ба 236 ҳазору 815 нафар расида, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 257,45 сомонӣ баробар шудааст. Шумораи нафақагирон нисбат ба як сол пеш 8727 нафар (3,8%) зиёд гардидааст. Дар ин бора С. Мӯсозода сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон, иттилоъ дод.

БОХТАР. ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРИИ НИҲОӢ ВА ХУЛОСАБАРОРӢ

 Имрӯз дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷамъомади гурӯҳи кории омодагӣ ба 30 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти гурӯҳ таҳлил, натиҷагирӣ ва мавриди хулосабарорӣ қарор гирифт. Ин ҷо аниқ гардид, ки зиёда аз 200 иншоот бахшида ба 30 –солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта ба истифода дода мешавад.

Вахш. Бунёди синфхонаи иловагӣ

 Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш, шуъбаи маорифи ноҳия дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 сохтмони 10-синфхонаи иловагӣ иборат аз ду ошёна буда, то ин муддат сохтмони ошёнаи якум ба анҷом расидааст.  Корҳои сохтмони барои таҳкурси ошёнаи дуюм идома дорад.

Шӯрои занони вилоят

  Рӯзи 25.07.2018 дар толори Китобхонаи оммавии вилояти ба номи Шамсиддин Шоҳин шаҳри Бохтар ҷаласаи Шӯрои занони назди Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардид.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.