Июл 2018

Дуои неки модар

 Левакант. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва як гуруҳ ҷавонон ба аёдати зани собиқадор, пири рӯзғордида, Ёқубова Басбӣ, сокини деҳаи Эшонободи ҷамоати деҳоти «Гулистон», ки 107 сол дорад, рафтанд.

Кӯлоб. Ғамхорӣ дар ҳаққи эҳтиёҷмандон

 Дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».

Хизматрасонии иҷтимоӣ барои фарогирӣ

  Рӯзи 19.07.2018 соли ҷори дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Рамз” шаҳри Бохтар дар доираи Лоиҳа “Хизматрасонии иҷтимоӣ барои фарогирӣ. Пешбурди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳо баҳри хизматрасониҳои тавонбахшӣ дар сатҳи ҷомеа барои кӯдакони имконияташон ба воситаи марказҳои тавонбахшӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон.”

Левакант. Оила сарпаноҳи бебадал

 Бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант рӯзи 19 июл дар литсейи касбӣ саноати кимиёии шаҳр дар мавзӯи “Оила сарпаноҳи бебадал” мизи мудаввар доир гардид.

Кӯлоб. Семинари омӯзишӣ оид ба амалишавии барномаҳо

  Рӯзҳои 17-18 июли соли равон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мудирони бахшу шуъбаҳои иқтисод ва савдо, ва сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб семинари омӯзишӣ вобаста ба амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 доир карда шуд.

Ҳамадони. Кори нигоҳдории роҳҳо вусъат меёбад.

 Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар давоми шаш моҳи соли 2018 ба маблағи 387300 сомонӣ корҳои таъмиру нигоҳдории роҳҳоро ба анҷом расонид.

 Дар мувозинати муассиса 209,825 км роҳҳои автомобилгарди ноҳия дохил аст, ки ҳаракати шабонарӯзии нақлиётро дар ҳудуди ноҳия таъмин менамояд.

ТАҲЛИЛ ВА НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲҲОИ КОРӢ

 Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷамъомади таҳлилӣ аз фаъолияти гурӯҳҳои корӣ, ки бахшида ба омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим ташкил гардидаанд, натиҷагирӣ карда шуд.

Форуми ҷавонони ҷумҳурӣ

 Дар шаҳри бостони Кӯлоб иштирокчиёни Форуми ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Зиракии сиёсии ҷавонон-омили рушди босуботи кишвар”-ро, ки бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” роҳандозӣ гардидааст бо самимияти хоса пешвоз гирифтанд.

САЙЁҲАТ – БАХШИДА БА «СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ» ДАР ШАҲРИ БОХТАР

  Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бахшида ба соли 2018, «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои кормандони мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии шаҳр, расиони маҳалла, кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ сайёҳат ташкил намуд. Дар сайёҳати дохилии мазкур зиёда аз 50 нафар кормандон аз шаҳри Бохтар ба шаҳри Норак ва шаҳри Душанбе сафарбар гардиданд.

ШАНБЕГӢ БА ИСТИҚБОЛИ 30 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Рӯзи шанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ташкилоту муассисаҳо шанбегии умумӣ баргузор гардид.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.