Июн 2018

НАЗОРАТИ ГУЗАРОНИДАНИ ОХИРИН РӮЗИ ДАРСӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

 Бохтар. Барои назорати гузаронидани охирин рӯзи дарсӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар гурӯҳҳои зиёди корӣ вобаста гардида, дар алоҳидагӣ аз ҳар муассиса дидан мекарданд.

ФАРХОР. БУНЁДКОРИҲО ВУСЪАТИ ТОЗА МЕЁБАНД

 Ноҳияи Фархор дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгириву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сокинони меҳнатқаринаш ба яке аз гӯшаҳои зебоманзари кишвар табдил ёфт.
Бунёди китобхонаи марказӣ, осорхона, чойхонаи миллӣ, шуъбаи маориф, таъмиру азнавсозии бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бозори марказӣ ба намои шаҳрак ҳусни тоза зам кард.

Мавсими оббозӣ ҳушёрӣ ва эҳтиёткорӣ талаб менамояд!

Бо оғози мавсими оббозӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакатро ба ҳушёрӣ ва эҳтиёткорӣ даъват менамояд.

«Тента Кӯлоб» ба кор шурӯъ кард

 Бо ибтикори роҳбарияти шаҳри Кӯлоб корхонаи Тента Кӯлоб, ки ба коркарди нахи пахта машғул аст, ба кор оғоз кард. Ёдовар мешавем, ки барои ба кор даровардани корхона соли 2001 ба маблағи 400 ҳазор доллари амкикоӣ таҷҳизоти олмонӣ ворид карда шуда, ба кор дароварда шуда буд.

РУШДИ САБЗАВОТПАРВАРӢ ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ

 Соли ҷорӣ дар навоҳии минтақаи Кӯлоб дар майдони 5650 гектар замин кишти сабзавот гузаронида шудааст, ки ин нишондод дар нисбати солҳои қаблӣ зиёд мебошад.Деҳқонони ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Фархор ва Данғара майдони кишти сабзавотро ба 1000 гектарӣ расонида, дар баробари ин ҳосили дилхоҳ ба  каф оварданд. Айни ҳол дар маъракаи ҷамъоварии ҳосил, сабзавоткорони ноҳияҳои Фархору Данғара пешсафанд  ва ба қадри аз 15 то 20 фоизи  дастранҷи хешро ҷамъоварӣ намудаанд.

МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ –РИСОЛАТИ  ШАҲРВАНДӢ

 Дар ҷамоати деҳоти “Зарбдор”-и ноҳияи Кӯлоб оиди масъалаи “Роҳҳои мубориза ба терроризму экстремизм” вохӯрӣ баргузор гардид.

 Дар вохӯрӣ  раиси ҷамоати деҳоти  мазкур   Хуршед Шомадов  ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева  иштирок ва суханронӣ намуданд.

ОМӮЗИШИ ТАРЗИ ШИНОВАРӢ

 Қубодиён. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон чорабинии амалии омӯзиши пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ дар мавсими шиноварӣ дар ноҳия баргузор гардид.

Ситоди таҷлили 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Бо мақсади татбиқи амалии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, № АП- 1059 ва банди 15-и нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018 баён доштанд, Амри раиси шаҳри Кӯлоб «Дар бораи таъсиси гурӯҳхои корӣ оид ба омодагӣ ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии

«Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги даврони истиқлол»

 Санаи 5-июн дар толори конфронсии Муссисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Ш.Шоҳин дар якҷояги бо Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот-и назди Вазорати фарҳанги ҷумҳури дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни «Ваҳдати миллӣ» конфронси илми таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги даврони истиқлол» бо иштироки кормандони муассисаҳои фарҳангии маркази вилоят, шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Ҷ.Балхӣ, Вахш ва Дӯсти баргузор карда шуд.

Ярмаркаи маводҳои ғизоӣ дар шаҳри Кӯлоб

 Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, дастгирии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаи ордбарории шаҳри Кӯлоб (Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Суғдиён») дар арафаи Иди сайиди Рамазон ва ҷашни Вахдати миллӣ дар шафати «Деҳқонбозор» нуқтаҳои фурӯш ва ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ ва макарон ташкил карда шудааст, ки мардум ин маводҳои ғизоиро бо нарх

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.