Май 2018

ШИНОСОЙИ БАДАХШОНИҲО БО ФАЪОЛИЯТИ КДФ ОБТАЪМИНКУНӢ ВА КАНАЛИЗАТСИЯИ ШАҲРИ БОХТАР

 Меҳмонон аз вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар қисмати дуюми рӯз аз КДФ обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳр дидан намуданд.

Ташрифи меҳмонон ба шаҳри Левакант

 Шоми 11 май шаҳри Левакант меҳмонони бадахшониро ба остонаи хеш қабул намуд. Раиси шаҳр Самизода С.З., роҳбарони корхонаву муассисаҳо ва сокинони шаҳр онҳоро бо гулу гулдаста ва нону намак пешвоз гирифтанд. Барои меҳмонон дар назди қасри фарҳанги шаҳр барномаи фарҳангии кормандони бахши фарҳанг баргузор гардид.

ТААССУРОТҲОИ НЕКИ  БАДАХШОНИЁН АЗ МЕҲМОННАВОЗИИ КӮЛОБИҲО

 Гурӯҳи меҳмонони шаҳри Хоруғ баъди баргузор намудани як қатор вохӯрию чорабиниҳои фарҳангӣ дар шаҳри Кӯлоб, баҳри зиёфату истироҳат  ба  тарабхонаи боғи Исмоили Сомонӣ ташриф оварданд. Хотири меҳмоноро дар ин меҳмонсаро ҳунарпешагони дастаи «Фалак»,  театри ба номи С.Вализода ва дигар муассисаҳои фарҳангии шаҳр шод намуданд.

ТАШРИФИ МЕҲМОНОН АЗ БАДАХШОН ДАР БОХТАР

 Кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо роҳбарии мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи раиси шаҳр Музаффар Ғаффуров дар даромадгоҳи ноҳияи ба номи Шамсиддин Шоҳин меҳмононро қабул намуда, аз ҷойи муайянгардида то назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро оварда расониданд.

Шашмақом- муаррифгари фарҳанги миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ

  Ҳамасола 12-май дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Шашмақом бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

ОҒОЗИ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОН БАДАХШОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 

  Дирӯз Рӯзҳои фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Хатлон оғоз гардид.  Соати 16 дар мавзеи Шоҳони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин гурӯҳи 500 нафараи аҳли фарҳангу зиёи вилояти мазкурро намояндагони вилояти Хатлон бо сарварии Махфират Хидирзода ва сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таҳти роҳбарии раиси он Почохон  Зарифзода, бо нону намак ва рақсу суруд  хуш истиқбол гирифтанд.Сипас меҳмонон ба 5 гурӯҳ ҷудо шуда, ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ба сафар баромаданд.Аз мавзеи Шоҳон то

ДАСТГИРИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗГИ ВАТАНИ

 Бахшида ба Иди Ғалаба дар муассисаҳои таълимии №1 ва №48 Ҷамоати шаҳраки Қубодиён маросими гулчанбаргузорӣ дар назди лавҳаи хотираи қурбониёни Ҷанги дуввуми ҷаҳон ва оташи абадӣ баргузор гардид.

17 май - оғози моҳи Рамазон

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи аввали моҳи Рамазонро 17-уми май таъйин кард. Ин тасмимро Шӯрои уламо дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳо гирифтааст.

Гиромидошти хизматҳои шоёни меҳтарони ҷангу меҳнат

ПАНҶ. Аз рӯзи Ғалаба бар зидди фашизм 73-сол пур мешавад. Ба ин муносибат 8 майи соли 2018 бахшида ба ин ҷашни бузург-иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар маркази ноҳия тантанаҳои идона баргузор гардиданд.

ИДИ ҒАЛАБА ВА КӮМАКПУЛӢ ДАР  БОХТАР

 Мардуми шарафманди шаҳри Бохтар низ қатори дигар сокинони кишвар Иди ғалабаро дар сатҳи баланд истиқбол гирифтанд. Аз субҳдам назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони ташкилоту муассиса, корхонаҳо, донишҷӯёну хонандагон ва дигар табақаҳои ҷомеа барои иштирок дар ин маъракаи муҳим ҷамъ омада буданд.

Pages

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.