Май 2018
Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2011, №504 «Дар бораи тасдиқ намудани тартиб, шарт ва мӯҳлати гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар» дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бахшида ба рӯзи Ҳаракати байналмиллалии ҷамъиятхои Салиби Сурх ва Ҳилоли Ахмар бо иштироки васеи намоянданони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолон зиёиён шахсони касбу кори гуногун, шаҳру ноҳияҳои болозикр чорабиниҳои тантанавӣ барпо карда шуда и
Рӯзи 12-майи 2018 сол Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, як гурӯҳ сайёҳон ва иштирокчиёни Фестивали «Марҳамат ба Хатлон»- ро бо нону намак ва суруду тарона бо шукуҳу шаҳомат пешвоз гирифтанд.
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Рӯзҳои 11-13-уми май гурӯҳи кории навоҳии Рӯшон ва Роштқалъа дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати намоиши фарҳанг ва ҳунари худ вориди ноҳияи Қубодиён шуд.
Гурӯҳи 170 нафараи иштирокдорони Рӯзҳои фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Хатлон, ки мансуби фарҳангиёни шаҳри Хоруғ буданд, тайи 3 рӯз меҳмони сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гардиданд. Меҳмононро бегоҳи рӯзи 11-уми май фаъолону аҳли ҳунари ноҳия дар даромадгоҳи ноҳия бо самимияти хоса пазироӣ намуда, сипас онҳоро мардуми ба истиқбол баромада то маркази ноҳия-шаҳраки Маскав, бо парафшонии парчамҳою дастафшониҳои хеш, хушомадед гуфтанд.Меҳмонони шаҳ
13 майи соли ҷорӣ дар боғи водии Вахши вилояти Хатлон воқеъ дар шаҳри Бохтар намоиши дастранҷи мардуми заҳматкаши вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон баргузор гардид. Аз рафти намоиши маҳсули дастранҷи заҳматкашон раисони вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Шодихон Ҷамшед ва меҳмонони олиқадр дидан намуда, ба ҳунари онҳо баҳои баланд доданд.
Имрӯз бо ташабуси раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, меҳмонони гиромиқадри вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки бо иштироки раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ба вилояти Хатлон ташриф оварданд, дар даромадгоҳи ноҳияи Кӯшониён бо нону намак ва суруду тарона бо шукуҳу шаҳомат пешвоз гирифтанд.
Рӯзи 12.05.2018 як гуруҳи меҳмононро аз вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар китобхонаи марказии шаҳри Бохтар ба номи Камоли Хуҷандӣ бо рақсу суруд, навозиши асбобҳои мусиқӣ ва шеъру сухан истиқбол гирифтанд.
Мувофиқи нақша гуруҳе аз меҳмонони Бадахшонӣ аз литсейи касбӣ-техникии шаҳри Бохтар ва ҳунаромӯзии шогирдони ин даргоҳ дидан карданд. Махсусан атласу атрасбофии гулдухтарони шаҳри Бохтар, ки дар литсейи мазкур ба тозагӣ ташкил карда шудааст, меҳмононро тасхир кард. Дар ҳақиқат лаҳзае чанд ҳамагон тавонситанд, ки аз ҳунару маҳорати баланди духтарони шаҳр дидан кунанд.
Дирӯз гурӯҳи кории беш аз 150 нафараи навоҳии Рӯшон ва Роштқалъа бо мақсади намоиши ҳунар ва фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вориди ноҳияи Қубодиён гардиданд.
Pages
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.