Май 2018
Дар вилояти Хатлон фестивали ҷумҳуриявии «Марҳабо ба Хатлон» бо иштироки зиёда аз шаст нафар ҷавонон аз минтақаҳои гуногуни чумҳурӣ баргузор гардид.
Маҳфили «Ширу шакар» дар Кохи Ватани шаҳри Бохтар бо иштироки шоирони шинохтаи вилояти Хатлон ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузаронида шуд. Дар он раиси бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Озар (Миралӣ Салим) ва раиси бахши нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ланҷӣ ширкат намуда, маҳфилро дарякҷоягӣ пеш бурданд.
Рӯзи 15 майи соли ҷори Дар литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар бо иштироки намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр ҷамъбасти дастовардҳои литсей дар соли таҳсили хониши ҷорӣ баргузор гардид. Директори литсей Қосимзода Баҳригул баромад карда, иброз дошт,ки дар олимпиадаи фаннии мактаббачагон дар сатҳи вилоят хонандагони синфи 11ум соҳиби 16 ҷой ва хонандагони синфи 9-10 соҳиби 27 ҷой гардиданд.
Айни замон дар шаҳри Кӯлоб се корхонаи истеҳсоли хишти пухта, корхонаи ҶДММ «Хишти Кӯлоб», ҶДММ «Иборатмоҳ», ҶДММ «Умед -2012» фаъолият менамоянд. Бо фаро расидани мавсими гармо корхонаҳои фавқуззикр пурра ба фаъолият оғоз намуда, зиёда аз 100 нафар шаҳрвандони шаҳри Кӯлобро ба кор фаро гирифтаанд.
Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 14 майи соли равон дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» баргузор гардид, ки дар он бо намояндагӣ аз шахри Кӯлоб оилаи ҳунарманд Ҳисайнов Раҳмоналӣ бо ҳамсараш Абдураҳимова Одинамо ширкат намуданд.
Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар Тоҷикистон рӯзи дави миллӣ баргузор мегардад. Имсол ин рӯз ба 20 май рост омада, он субҳи барвақт дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон оғоз мегардад.
Кишоварзони вилояти Хатлон аввалин шуда иҷроиши дурнамои кишти пахтаро дар ҷумҳурӣ 100% таъмин намуданд.
Рӯзи 14-уми май гурӯҳи меҳмонони 1200 нафараи бадахшониён, ки дар Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Хатлон ширкат варзида буданду корвони онҳо аз маркази вилоят-шаҳри Бохтар озими Бадахшон буд, раисону фаъолони як қатор ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, ба амсоли Восеъ, Фархор, Муъминобод, Ховалинг дар даромадгоҳи шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ ба таври хоса и
8-май Ҷиҳати шинос шудан бо рафти корҳои сохтмонии корхонаҳои азими истеҳсолӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Данғара сафар дошт.
Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2011, №504 «Дар бораи тасдиқ намудани тартиб, шарт ва мӯҳлати гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар» дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бахшида ба рӯзи Ҳаракати байналмиллалии ҷамъиятхои Салиби Сурх ва Ҳилоли Ахмар бо иштироки васеи намоянданони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолон зиёиён шахсони касбу кори гуногун, шаҳру ноҳияҳои болозикр чорабиниҳои тантанавӣ барпо карда шуда и
Pages
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.